Кушиши Луқмон бар ин буд, ки дар муносибатҳои мухталифи фарзандаш ва ҳамчунин соири мардумро панд ва андарз диҳад. Луқмон фарзандашро хитоб қарор дод ва гуфт:

Фарзандам ҳамеша шукри Худоро ба ҷой овар, барои Худо шарик қоил машав, зеро махлуқи заъиф ва муҳтоҷро бо холиқи азим ва бениёз баробар ниҳодан, зулми бузурге аст.

Фарзандам: Агар амали ту аз хурдӣ чун заррае аз хардал ва сахраҳои баланди куҳ ё осмонҳо ваё дар қаъри замин махфӣ бошад аз назари Худо пинҳон нахоҳад буд ва дар рӯзи растохез (қиёмат) дар ҳисоби аъмоли ту манзур хоҳад шуд ва ба подош ва кайфари он хоҳӣ расид.

Фарзандам: Намозро барпо дор! То иртиботи ту бо Худо мустаҳкам гардад ва аз иртикоби фаҳшо ва мункире маҳфуз боши ва чун ба ҳадди камол расиди, дигаронро ба маъруф ва покизагии нафс ва тазкияи руҳ даъват ва раҳбарӣ кун ва дар ин роҳ дар муқобили сахтиҳо, сабр карда ва шикебо бош.

Фарзандам: Нисбат ба мардум такаббур макун ва ба дигарон фахр мафрӯш, ки Худо мардуми худхоҳ ва мутакаббирро дӯст надорад.

Худро дар баробари ишон забун масоз, ки дар таҳқират хоҳанд кушид, на онқадар ширин бош, ки туро бихуранд ва на чандон талх бош, ки ба дурат афкананд.

Фарзандам: Дар роҳ рафтан на ба шеваи ситамгарон қадам бардор ва на монанди мардуми хору залил ва ба ҳангоми сухан гуфтан оҳиста ва мулоими сухан бигу зеро садои баланд, берун аз ҳадди адаб ва монанди сутурон аст.

Фарзандам: Аз дунё панд бигир ва онро трак накун, ки ҷирахори мардум шави ва ба фақр мубтало гарди ва то онҷо худро дар банду гирифтори дунё накун ва дар андешаи суду зиёни он фуру марав, ки зиёне ба охирати ту бирасад ва аз саодати ҷовидона боз мони!

Фарзандам: Дунё дарёи ва амиқе аст, ки донишмандони фаровонеро дар худ ғарқ карда аст пас барои гузашт аз ин дарё, киштие аз имон ва бодбоне аз таваккал фароҳам кун ва барои ин сафар тушае аз тақво захира кун ва бидону огоҳ бош, ки агар аз ин роҳи пурхатар бираҳи, машмули раҳмат шудаи ва агар дар он дучори ҳалоқат шави ба ғарқоби гуноҳонат гирифтор гаштаи.

Фарзандам: Дар зиндони шабу рӯз замонеро барои касби илму дониш дар назар бигир ва дар ин роҳ бо донишмандон ҳамдаму ҳамроҳ шав ва дар муошират бо онҳо шарти адабро риоят кун ва аз муҷодила бипарҳез то туро аз фуруғи дониши худ маҳрум насозанд.

Фарзандам: Ҳазор дӯст ихтиёр кун ва бидон, ки ҳазор рафиқ кам аст ва як душман маяндоз ва бидон, ки як душман ҳам зиёд аст.

Фарзандам: Дин монанди дарахт аст. Имон ба Худо обе аст, ки онро меруёнад. Намоз решаи он, закот танаи он, дӯстӣ дар роҳи Худо шохаҳои он, ахлоқи хуб баргҳои ону дурӣ аз ҳаромҳо, меваи он аст. Ҳамонтавре, ки дарахт бо меваи хуб комил мегардад, дин ҳам бо дурӣ аз аъмоли ҳаром комил мешавад.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст