Мо дине дорем, ки бо амал ба он ва татбиқи зиндагӣ бар асоси омузаҳояш, дигар ҳеҷ ҷое барои боварҳои хурофӣ, мунҳариф, умонсистӣ, пучгароӣ, ҷину шайтонпарастӣ ва ҳатто эътиқодоти муртаҷиъона нахоҳад буд. Дини Ислом як дини комил, оламгир, илоҳӣ ва ақлонӣ аст, ки пайравонашро ба саодат дар дунё ва охират башорат медиҳад.

Расулон, анбиё ва авлиёи илоҳӣ ҳамон касоне будаанд ва ҳастанд, ки динро аз Шореъ дарёфт намуданд ва гоҳ дар қолиби шореъ ва гоҳ дар ҷойгоҳи паёмрасон инсонҳоро ба ҳақоиқи ҳастӣ ошно намуданд, то битавонанд ба дурустӣ роҳу чоҳро бишносанд ва интихоб намоянд.

Аз Одам(а), то ба Хотам(с) ҳазорон расулу набӣ омад ва ҳазорон васӣ ва валӣ баъд аз худро ба башарият тақдим намуд, аммо бо итминон метавон гуфт, ки бисёре аз мо на сира ва на сулуки бештари онҳоро на медонем ва на шунидаем!

Бале, мо аз анбиё ва авлиё ҳамонро медонем, ки аз забони бузургони диниамон, олимону имомхатибонамон гуфта шудааст ва он ҳам дар ҳадде аст, ки бидонем Расуламон Муҳаммад асту Китобамон Қуръон.

Ҳарчанд ин ҳам ҷои шукри неъмати вуҷуди он олимони азизро дорад, аммо қасди мо на бе аҳамиятӣ нисбати онҳост, балки таваҷҷуҳ додани ҳамрадифонамон ба ин ҳақиқат аст, ки бояд барои зиндагии ояндаи худ, зиндагии гузаштагонро биомузем ва бифаҳмем, то хулосаи онро дар зиндагии имрӯзу фардои худ ҷорӣ намоем, чунон ки гуфтаанд; хатои дигарон имтиҳон надорад!

Пас дар канори ин масъала, ки расуламон кисту китобамон чист! бояд инро ҳам бидонем, ки расуламон чи корҳо карду чи корҳоро фармону наҳй намуд.

Дар инҷо ҳаминқадр бигӯем, ки яке аз авомри раслуи раҳмат Муҳммади Мустафо(с) ва Аллоҳ таъоло ин будааст, ки анбиё ва авлиё ва бузургон бояд шинохта шаванд ва эҳтиромашон бар ҳама воҷиб аст. Иншоаллоҳ тавониста бошем ва битавонем ба ин амри илоҳӣ амал намоем ва по ҷои пои бузургони динӣ гузошта аз роҳи рости онҳо мунҳариф нагардем.

Бо умеди ин ки битавонем, мо ҳамчун шумо ҳаррӯз нисбат ба бузургонамон огоҳии бештар пайдо кунем, дар инҷо нишонаҳое аз бузургони дину исломро, ки ҳифзу бузургдошти онҳо аз мавридҳое аст, ки барои эҳтиром, тарвиҷи аҳдоф ва тақвияти имони инсонҳо лозим аст, пешкаш менамоем. Бошад, ки иншоаллоҳ ин нишонаҳо моро ба сира ва амалҳои онҳо ошнотар намояд ва раҳравӣ роҳрафтагон бошем ва албатта зикри олим ибодат аст; ишора ва шинохти бештар нисбати ин бузургон ҳам ҳақиқатан хайр хоҳад буд, иншоаллоҳ.

Тасвирҳое аз мақбараҳои анбиё ва муъминони ба Худо

2938_206.jpg
2934_989.jpg

Иброҳими Халил - алХалил-Фаластин

 

.jpg
Юшаъи набӣ-Урдун


1.jpg
Лути набӣ - Эроқ
.jpg
Довуди набӣ - Фаластини ишғолӣ

.jpg
Мусои калим - Фаластини ишғолӣ(эҳтимол
)
.jpg
Шуъайби набӣ -

.jpg
Закариёи набӣ
-
.jpg
Яҳёи набӣ -

.jpg
Омина - модари Расули Аллоҳ(с)-атрофи Макка

.jpg
Ҳалима - модари ризоъӣ Расули Аллоҳ(с)-атрофи Мадина

.jpg
Билоли ҳабашӣ -Дамишқ-Сурия

.jpg
Хадиҷа-ҳамсари Расули Аллоҳ-Макка

.jpg
Абутолиб-амми Паёмбар- Макка

Бақеъ - Амаки Паёмабр-имом Ҳасан, Зайналобидин, Боқир ва Содиқ(а
)
.jpg
Солиҳи набӣ -
.jpg
Ҳаво-модар-атрофи Ҷадда

.jpg
Ҳоруни набӣ

.jpg
Нуҳи набӣ

Холид ибни Валид(саҳобӣ)-Ҳамс, Сурия

1

 

имом Ҳасан Аскарӣ -наваи Расули Аллоҳ(с)- Эроқ

 

Add comment

Security code
Refresh

Ҳама ҳуқуқҳо ба сайти тоҷикон ҳифз карда шудаанд
Дар Сама тарроҳӣ шудааст