Print
Hits: 5742

Имом Ҷаъфар ибни Муҳаммад ибни Алӣ ибни Ҳусайн ибни Алӣ ва Фотима(дуруди Худо бар онҳо) маъруф ба имом Содиқ(р), аз наводагони паёмовари ваҳю раҳмат ҳазрати Муҳаммад(с) аст, ки дар миёни хоссу ом ба илму адаб ва зуҳду тақво маъруф буд. Имом Ҷаъфари Содиқ ҳамон касе аст, ки имоми Аъзам(р) соҳиби мазҳаби Ҳанафӣ наздаш таламмуз кард ва дар мадҳу санои ӯ беҳтарин суханонро ба забон овард.

Бар асоси хабарҳои таърихӣ ва гувоҳи олимони дин, дар назди курсии дарси Содиқ(а) ҳазорон олими муҷтаҳид ва соҳиби фикр ҳозир мешуданд, то аз маншаи улум, наваи Паёмбар(с) касби илму амал намоянд.

Дар инҷо гузидае аз суханони пурбаҳои он олими аҳли байти Расули Аллоҳро пешкаш хоҳем намуд, бошад, ки ҳамчун имоми Аъзам(р) мо ҳам аз раҳнамудҳои он бузургворон истифодаи нек бибарем.

Сухане аз имом Содиқ дар боби муҳосибаи нафс

يَا ابْنَ جُنْدَبٍ حَقٌّ عَلَى كُلِّ مُسْلِمٍ يَعْرِفُنَا أَنْ يَعْرِضَ عَمَلَهُ فِي كُلِّ يَوْمٍ وَ لَيْلَةٍ عَلَى نَفْسِهِ فَيَكُونَ مُحَاسِبَ نَفْسِهِ فَإِنْ رَأَى حَسَنَةً اسْتَزَادَ مِنْهَا وَ إِنْ رَأَى سَيِّئَةً اسْتَغْفَرَ مِنْهَا لِئَلَّا يَخْزَى يَوْمَ الْقِيَامَةِ طُوبَى لِعَبْدٍ لَمْ يَغْبِطِ الْخَاطِئِينَ عَلَى مَا أُوتُوا مِنْ نَعِيمِ الدُّنْيَا وَ زَهْرَتِهَا طُوبَى لِعَبْدٍ طَلَبَ الْآخِرَةَ وَ سَعَى لَهَا طُوبَى لِمَنْ لَمْ تُلْهِهِ الْأَمَانِيُّ الْكَاذِبَةُ قَالَ ع رَحِمَ اللَّهُ قَوْماً كَانُوا سِرَاجاً وَ مَنَاراً كَانُوا دُعَاةً إِلَيْنَا بِأَعْمَالِهِمْ وَ مَجْهُودِ طَاقَتِهِمْ لَيْسَ كَمَنْ يُذِيعُ أَسْرَارَنَا

Писари Ҷундаб! Шоистаи ҳар мусулмоне, ки моро мешиносад ин аст, ки кирдорашро дар ҳар шабу рӯз бар худ арза намояд ва аз худ ҳисобрасӣ кунад. Пас агар кори неке бубинад бар он бияфзояд ва дар сурати дидани анҷоми кори бад, барои он аз Худо талаби омурзиш кунад, то мабодо, ки дар рӯзи қиёмат расво шавад.

Хушо ба ҳоли бандае, ки ҳеҷ гуна ғибта ва ҳасрате бар неъмат ва баҳраҳои дунёии хатокорон нахӯрад

Хушо ба ҳоли бандае, ки охиратро талаб кунад ва барои он кушиш кунад.

Хушо ба ҳоли бандае, ки орзуҳои дурӯғин ӯро саргарм ва машғул накунад.

Сипас фармуд: Худованд он мардумеро раҳмат кунад, ки чароғ ва равшангар буданд. Онон, ки бо кирдору кушиши худ дар ҳадди тавонашон мардумро ба сӯи мо даъват мекарданд.

қисми дуюм