Дар бораи рафтор ва ахлоқи Паёмбари аъзам(с) китобҳои бешуморе навишта шудааст, аммо натавонистаанд ҳамаи онҳоро ҷамъ каунанд, мо низ дар инҷо қисмате аз ахлоқи он ҳазратро бозгу мекунем.
Рӯзе аз ҳамсари Паёмбар(с) ҳазрати Оиша суол шуд, ки ахлоқи Паёмбар(с) чигуна буд? Ҳазрати Оиша дар ҷавоб гуфт: کان خلقه القرآن (яъне ахлоқаш Қуръон буд), бале он ҳазрат рафтораш чунон буд, ки ба гуфтаи бузургон Қуръони муҷассам буд .
То ба онҷое ки қуръон дар мавриди он Ҳазрат(с) мефармояд:


إنَّکَ لَعَلَی خُلُقٍ عَظِیمِ
ҳамоно ту дар ахлоқи бузурге ҳастӣ.

Паёмбар(с) доимуззикр буданд: яъне ҳамеша дар забонаш ёду номи худо буд ва аз гиря саҷдагоҳаш тар мешуд.
Дусти худо буд вале ҳангоми дуо ва намоз мисли мискинон дастҳои худро басӯи осмон дароз мекард, намозро нури чашми худ медонист.
Ҳангоми намоз ба саҳобаи худ Билол мефармуд: Билол! хушҳоламон бикун.
Он ҳазрат порае аз шабро ба ибодати худо мегузаронд, бо он ки рӯзҳо дар офтоби гарми шадид кор мекард, аз ибодати шабонааш кам намекард ва оромиши комили руҳи худро дар розу ниёз бо худо меёфт.
Ибодати он ҳазрат(с) ба хотири тамаъ ба биҳишт ва ё тарс аз ҷаҳаннам набуд, балки ба хотири ишқ ва сипос аз Худо амал мегард.
Рӯзе ҳамсари он ҳазрат(с) аз Ӯ пурсид: чаро ин қадар ибодат мекуни? Гуноҳони туро худо омурзидааст! Паёмбар(с) дар ҷавобаш гуфт: Оё як бандаи сипосгузор набошам?.
Паёмбари Аъзам(с) агар танҳо мешуд, ибодатро тулонӣ, вале дар ҷамоат ба хотири риояти заифҳо кутоҳ мекарданд ва дигаронро низ ба ин кор тавсия мефармуданд.
Он ҳазрат(с) илова бар рӯзаи моҳи мубораки рамазон як рӯз дар миён рӯза мегирифтанд ва дар моҳи рамазон дар масҷид муътакиф мешуданд ва кулли моҳи муборакро ба ибодат мегузарониданд.
Он ҳазрат(с) бо руҳбонийят мухолиф буданд, яъне бо касоне, ки ба хотири ибодат гушагирӣ мекарданд ва зану фарзанди худро тарк мекарданд ба шиддат мухолифат мекарданд.
Баъзе аз асҳоби он ҳазрат ин корро мекарданд, онҳоро сарзаниш мекард ва мефармуданд: бадан, ҳамсар, фарзанд ва ёрони шумо ҳама ҳуқуқе бар шумо доранд ки шумо бояд онҳоро риоят кунед.

Салоҳуддин Нуриддин

Add comment

Security code
Refresh

Ҳама ҳуқуқҳо ба сайти тоҷикон ҳифз карда шудаанд
Дар Сама тарроҳӣ шудааст