Достони омӯзанда аз зиндагии Маҳaтма Ганди

           Писари Маҳaтма Ганди нақл мекунад, ки як рӯз падарамро бо мошин ба як ҷаласа бурдам ва баъд ба ман гуфт:

       Соати 5:00 биё маро баргардон ба хона, вале ман баъди харид кардан ва таъмир кардани мошин ба синамо рафтам ва вақте филм тамом шуд соат 6 шуда буд. Вақте назди падарам баргаштам аз ман пурсид чаро дер омадӣ?

         Аммо ман ба ӯ дуруғ гуфтам, ки мошинро дер таъмир карданд.

      Падарм гуфт ман ба таъмиргоҳ занг задам онҳо сари вақт корашонро тамом карда буданд. Падар аз ин дуруғи ман сахт нороҳат шуд. Вақте баргашт ба хона ба мошин савор нашуд ва гуфт мехоҳам ин 18 киллометро пиёда биравам ва дар бораи тарбияте, ки туро кардам фикр кунам, ки куҷой кор хато кардам, ки ту ба ман дуруғ мегӯӣ?.

      Ман бо мошин будаму ӯ пиёда тамоми ин роҳро ба муддати 5 соат ба хотири як дуруғи аҳмақонаи ман тай кард. Ҳамон ҷо буд, ки ба худам қавл додам, ки дигар дуруғ нагӯям ва баъд аз гузашти 80 сол ҳануз ба он корам меандешам.

Add comment

Security code
Refresh

Ҳама ҳуқуқҳо ба сайти тоҷикон ҳифз карда шудаанд
Дар Сама тарроҳӣ шудааст