Сукути уламои мусалмон

              Касоне, ки ба ҳеҷ тариқе исломро қабул надорад барои эълони куфри худ ҳам ҳеҷ заруратеро намебинанд! Дар амал ҳеҷгуна иртиботе бо Қурон ва суннати Паёмбари Ислом (с) надоранд ва дар мавриди пирӯзиҳо ва шикастҳои он аз ҳеҷ эҳсосе бархӯрдор нестанд ва равишу рафторашон бо сироти мустақим (роҳи рост) фосилаҳои дуре дорад.

              Дар воқеъ ҳеҷ ниёзе ба куфрашон нест; зеро ҳоли забон ва вазъашон ошкортар аст. Сукуташон заминаҳо ва фурсатҳои зиёдеро барои зарба задан ба Ислом дар ихтиёрашон қарор медиҳад! Аммо гоҳе он мунҳарифон бо шароите рӯбарӯ мешуданд, ки ба ҷуз кашфи асрори беимонии худ чораи дигареро пеши рӯ намебинанд ва ин замоне аст, ки арбобонашон аз онҳо бихоҳанд, рукне аз аркони ва асле аз усули Ислом ва шиоре аз шиорҳои ошкорашро  аз миён бардоранд, анҷом медиҳанд.

              Рӯзе ба яке аз радиёҳои ҷаҳон гӯш медодам, аз суханони вазири маориф ва фарҳанги яке аз кишварҳои мусалмон (кишварҳои арабӣ) ба муносибати шурӯи соли таҳсилӣ гӯш медодам, дучори тааҷҷуб ва ҳайрат шудам! Ӯ ба қарор додани яке аз утоқҳои мактаб барои донишомӯзон ҷиҳати хондани намоз мухолифат мекард ва мегуфт ки: Рӯйоварии донишомӯзон ва донишҷӯён ба намоз ҳаракате аст, ба сӯи ақибмондагӣ ва бояд бо он муқобила аз он пешгирӣ шавад.

                 Ҷумлаҳои азон (ки фазои зиндагиро муаттар мекунад ва шаётинро дур мекунад ва мардум ба хусус ҷавононро ба фарёди офаридгорашон меандозад) аз назари ӯ набояд шунида шавад!?

                 Дар донишгоҳо ва мактабҳое, ки зери назари чунин вазоратхонае идора мешавад, мълум аст, ки омӯзиш ва тарбият дар онҷо ба куҷо хатм мешавад? Замоне ки нидои азони Худо хомӯш мешавад, чӣ касе фарёд кашида хоҳанд шуд?!

               Иқдоми дигари ҷаноби вазир пешгирӣ аз пӯшиши ҳиҷоб ва либоси дароз тавассути духтарон буд! Интизор мерафт ӯ аз иқдоми бархе духтарони ба пушиши либосҳои танг ва нозук ва кӯтоҳ пешгирӣ кунад. Аммо масъули таълиму тарбият, дар пай навъи дигар аз тарбият будааст!

                      Ман итминон дорам, ки ҷаноби вазир ҳатто як борҳам барои Худованд намоз нахондааст ва ҳеҷгуна ҳурматеро барои шариати Ӯ қойл нашуда ва як бор ҳам ба марг ва ҳисоби пас аз он фикр накардааст! Ин ки чунин вазир бо вуҷуди мухолифатҳои наслҳои ҳушёр, масъулияти тълим ва тарбияти онҳоро бар асоси куфру фисқу фасод бар уҳда бигиранд, ба чӣ мъное тафсир мешавад?

             Забони арабӣ манзалат ва ҷоигоҳи худро рӯз ба рӯз аз даст дода ва китобҳои дарсӣ ба забони фаронсавӣ ва англисӣ тарҷума мешаванд ва иртиботи миллии ӯ рӯз ба рӯз аз миён меравад ва гароиш ба аврупо ҷой ӯро пур мекунад ва аз ҷумла таблиғҳои баде вуҷуд дорад, ки мегӯянд ки: Париж аз Макка барои мо хушояндтар аст!.

                  Арабҳое, ки роҳи куфр ба Исломро дар пеш гиранд хабистарин ва хортарин инсонҳои рӯӣ замин хоҳанд шуд.  Дар ин мушкилоту сахтиҳо бадкорон ва сукуткунандагон дар рӯбарӯи онҳо дар як радиф қарор доранд.

          Дар бисёре мавридҳо аҳли ирода ва ғайрат ва мардонагӣ бар зидди раҳбарони девона ва фосид фарёд кашиданд ва сукут накарданд ва ононро баҷояшон нишонданд, аммо дар рӯбарӯи бо ин бадтаринҳо ва зиштиҳо; афроди зиёде сукути маргбор карданд!

           Ҳатто созмони ҷаҳонӣ барои ҳимоят аз ҳуқуқи исломхоҳони тунисӣ ба хотири муҳокимаҳои золимонае, ки барои онон барпо гардид, фарёдаш баланд шудааст ва хостори фароҳам шудани фазои одилона барои муҳокимаи мутаҳамин гардидааст!

                     Аммо дар инҷо суолеро аз уламои шарқу ғарб мепурсам, ки: Чаро сукут кардаед? Оё пешгирӣ аз барпоии намоз ва иҷбори номусҳои мардум бари кашфи аврат ва нимабараҳна кардани занону духтарони мусалмон (агар аҳли имонед) сабаби хашму хурӯши шумо намешавад?.

Китоби Ҳақиқати талх,  саҳ 78 то 80, Муҳаммади Ғаззоли.

Add comment

Security code
Refresh

Ҳама ҳуқуқҳо ба сайти тоҷикон ҳифз карда шудаанд
Дар Сама тарроҳӣ шудааст