Нигоҳе ба зиндагии шоир ва орифи бузург, Камолуддини Хуҷандӣ.

Хоҷа Камолуддин дар солҳои 1319 – 1320, м, дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи суфимаслак чашм ба ҷаҳон гушодааст. Номи комили шоир Камолуддин Абӯаҳмад Муҳаммади Хуҷандӣ мебошад. Камолуддин – лақаби ифтихорӣ, Абӯаҳмад – кунияи шоир ва Муҳаммад, номи ӯ ва Хуҷандӣ – нисбати он Хоҷа ва Камол тахаллуси шоирияш аст.

Камолуддини Хуҷандӣ баъд аз фаро гирифтани маълумоти муқаддамотӣ дар зодгоҳи худ бо мақсади идома додани таҳсил ба шаҳри Самарқанд сафар кардааст. Хоҷа дар ин шаҳр бо аҳли илму адаб  рафту омад дошта ва дар маҷлисҳои шуаро ширкат доштааст. Дар шаҳри Тошкант низ якчанд муддат зиндагӣ кардааст, аммо сабаби рафтан ба ин шаҳр ва муддати зиндагӣ кардан дар онҷо маълум нест.

Аз сафарҳои дигари Хоҷа Камол рафтан ба зиёрати хонаи Худо аст. Ӯ бо мақсади зиёрати хонаи Каъба ба сафар мебарояд, бо роҳи муқарарии Балху Домғону Симнон нарафта, бо роҳи пурхатари Хоразм раҳсипор мегардад. Пас аз муддате зиндагӣ кардан дар Хоразм, шоир боз роҳи Маккаро пеш мегирад. Гузари ӯ ба шаҳри Табрез меафтад. Боду ҳавои Табрез ба мизоҷаш созгор омада, дар он ҷо зиндагӣ ихтиёр мекунад.

Вай дар улуми зоҳирӣ ва ботинии асри худ устод буд ва чун дар шеъру адаб табаҳҳур дошт ва дар тасавуф комилаёр, дар иршод нофизулкалима, дар зуҳд ва тақво мушорун билбанон буд, мавриди иқболи халқ қарор гирифт, пайравони бисёр ва муридони вафодор аз хавосу авом ҳосил кард ва ба Табрез дил баст.[1] Баъди дар байни халқ шуҳрат ёфтанаш, Султон Ҳусайни Ҷалоирӣ ба зиёрати ӯ омада, дар Волиёнкӯ барояш боғу манзил ва хонақоҳ месозад.

Ҳаёти осудаи Хоҷа Камол дар Табрез соли 1385 қатъ мегардад. Дар ин сол хони Олтинӯрда-Тухтамишхон ба Табрез ҳуҷум мекунад. Камоли Хуҷандиро дар қатори дигар ғаниматҳо бо худ ба пойтахташ- шаҳри Сарой мебарад. Ҳаёти Хоҷа дар Сарой бад намегузаштааст. Чунонки худи шоир гуфтааст:

Бӯстонест Сарой аз гили он рӯй, Камол,

Ба Сарой омадӣ, эй булбули хушгӯ бисарой.

Ва ё дар ҷои дигар гуфтааст:

Агар Сарой чунин асту дилбарони Сарой,

Биёр бода, ки ман фориғам зи ҳарду сарой!

Шоир ба шаҳри Табрез  дилбастагӣ дорад, ба ҳамин иллат дар ғурбат орзӯи ба ин шаҳр бозгаштанро карда гуфтааст:

Табрез маро ба ҷои ҷон хоҳад буд,

Пайваста маро вирди забон хоҳад буд.

То дарнакашам оби Чарандобу Гаҷил

Сурхоб зи чашми ман равон хоҳад буд.

Дар ин, ки Хоҷа Камолуддин чӣ тавр дубора ба Табрез баргаштааст ақволи гуногун вуҷуд дорад. Аз миёни ақвол қавли саҳеҳтаре, ки ба назар мерасад ин аст, ки Тухтаминшоҳ Камолро дар соли 1385 ҳамроҳи худ ба шаҳри Сарой мебарад. Баъд аз 11-сол яъне дар соли 797 ҳиҷрӣ мутобиқ бо соли 1396 мелодӣ, Амир Темур аз роҳи Дарбанд ба Сарой ҳуҷум меорад ва пас аз ғорату сузондани шаҳрҳои Қирим ва пойтахти Тухтамиш – Сарой ба ҳамон роҳ ба Табрез бозгаштааст ва Камолуддини Хуҷандиро ба ҳамроҳи худ мебарад. Шоир ба муносибати баргаштан ба Табрез шеъре гуфта аст ва дар охири он лақаби Амир Темур, ки “ соҳибқирон” аст, овардааст:

Биҳамдиллаҳ, ки дигар бор рӯӣ дӯстон дидам,

Чу булбул мекунам мастӣ, ки боғу бӯстон дидам.

Ман он мурғи хушилҳонам, ки берун аз қафас худро,

Ба иқболи баҳор эмин зи ташвиши хазон дидам.

Фалак гар тофт рӯй аз меҳру баргардид аз ёрӣ,

Фаромушам шуд он ҳар ду, ки ёри меҳрубон дидам.

Муроди ман миёни ёр буд, он дар канор омад,

Маёни роҳат афтодам чу ранҷи бекарон дидам.

Шаби қадре, ки меҷустам ба хобу рӯзи некӯӣ,

Чу он рӯ дидаму он мӯ ҳам ин дидам ҳам он дидам.

Замони васл, к-аз дигар замонҳо беҳ ниҳад ошиқ,

Ба рӯи дӯстон ман он замонро ин замон дидам.

Камол он дам, ки хоҳӣ дид бо ёрон қарин худро,

Бигӯ: “ ин давлат аз юмни шаҳи соҳибқирон дидам”.

Шоир баъд аз баргаштанаш аз шаҳри Сарой боз дар ҳамон боғу манзили худ дар Волиёнкӯҳ зиндагӣ мекунад. Ӯ ин хона ва боғи худро чунин тавсиф кардааст:

Аз биҳишти Худой азза ва ҷал,

То ба Табрез ним фарсанг аст.

Таърихи вафот ва қабри Камолуддини Хуҷандӣ дар тазкираҳо ба тарзи мухталиф қайд шудааст. Вале ончи машҳуртар аст ин аст, ки шоир дар соли 803 ҳиҷрӣ – 1400 мелодӣ баъд аз намоз машғули аврод ва таъқибот будааст, ки ҷумлаи “ҳасбуналлоҳу индал лиқо” бар забонаш ҷорӣ шудааст ва аз дунё чашм пушидааст.[2] Ва қабри ӯ дар Волиёнкӯҳи Табрез дар манзили худи шоир аст, ки акнун бо номи “ Мазори Шайх Камол” маъруф аст.[3]


Шаҳри Хуҷанд

Хуҷанд, ҳамон тавре, ки маълум аст яке аз шаҳрҳои Тоҷикистон аст, ки дар шимоли он ҷойгир шудааст.

Хуҷанд, номи пуртанине дорад, душвор ва ғамангез аст, ки шукӯҳ ва азамат дар ҳолаи андӯҳ ҷилвагар шавад. Ин шаҳр чи номҳоеро тадои мекунад, ва чи саргузаште дорад. Пеш аз султаи бегонагон ва ҳамлаву ҳуҷуми рӯс ва ҳукуматҳои шуравӣ, парваришгоҳи даҳҳо донишманди бузург, файласуф, суханвар ва ҳунарманди камназир будааст. Аммо дар бурҳаҳое аз таърих асири занҷири тасаллути бегонаи фарҳангситез гаштааст, ки ҳар чи маънавият ва асолат ва ҳар чи рангу бӯи суннатӣ ва бумиро зудудаанд.

Ҳоло баъд аз фурӯпошии ҳукумати шӯравӣ, дилҳо ғарқаи шодӣ мешавад, ки дигар Хуҷанд аз бандҳо растааст ва тилисмҳо шикаста ва умеди фаровон аст, ки боз битавонад фарзандоне бипарваронад, ки салобати номашон дар гунбади таърих ҳаёҳӯ барангезад. Сутути зӯрмандон рӯзе беш нест, аммо овози шоиронро намешавад дар гулӯгоҳи онон хомӯш кард.

Камол аз он парвардагони домони покизаи ҳамин Хуҷанд аст, ки то забони форсии тоҷикӣ зиндааст ва то шеъри форсии тоҷикӣ бар лабҳо ҷорӣ ва бар равонҳо сорист, оромгоҳаш гулборон ва рӯҳаш нурборон аст.


Шеъри Шайх Камол

Шеъри ин шоир ва орифи бузург як ҷараёни мулоим ва як ҷӯйбори зулол аст, ки агарчи гоҳе сарчашмаҳое дар назирагӯи дорад, дилнишин асту хонданӣ ва дар лаҳзаҳои ноби зиндагӣ метавон аз он чатри сабзе фарози сар афрошт.

Дар куллият метавон гуфт шеъри Камоли Хуҷандӣ омезаест аз латофати калом, риққати маъонӣ ва диққат дар мазмун офаринӣ. Вале бо ин ҳол шеър назди ӯ пайваста чунон василае барои андешаҳои баланди ирфонӣ ва эҳсосу авотифи орифона дар назар будааст.

Камол умдатан шоирест ғазалсаро ва ғазалҳои ӯ чунон тайфе аз нӯр бо мавҷҳои рангине аз тасавуф, ирфон, инсондӯстӣ, ишқу озодагӣ омехтааст. ӯ суфиҳои зоҳирпардози замони худро аз хатти ирфон ҷудо медонистааст. Ӯ дар ашъораш бо омезаҳои танзӣ, зоҳидони солус ва суфиёни дуруғину маслиҳатии рӯзгорро ба ҷойгоҳ фаро мехонад ва он ҳама солусу дуруғро омаҷи тири интиқоди хеш қарор медиҳад:

Суфиён гӯянд чун мо хезу дар рақс Камол,

Ҳолату ваҷди риёи хуш намеояд маро.

Аз назари ӯ ҳар кас лаёқати қурби дӯст (яъне Худованд)ро надорад ва танҳо онҳое, ки аз ҳолаи савдои ҳарду ҷаҳон фориғанд ва синаро аз ҳубби ҷоҳу мол холӣ сохтаанд, сазовори ин мартабат мебошанд:

Дастбӯси дӯст мехоҳӣ бишӯ даст аз ду кавн,

Дасти олӯда нашояд марҳабои дӯстро.

Дӯстиҳои ҳама олам бируб аз дил Камол,

Пок бояд доштан хилватсарои дӯстро.

Хоҷа Камол зоҳидони риёкорро аз худ бегона медонад. Ин бегонагӣ дар миёни Камол ва зоҳид аз куҷо сачшма мегирад?. Аз онҷо, ки андешаҳои ирфонии ин бузургвор то он сӯи дунё ва уқбо сайр менкунад. Дар ҳоле, ки зоҳид ба биҳишт меандешад, ба биҳишт ишқ меварзад ва Камол ба молики биҳишт.

Зоҳидон камтар шиносанд ончи моро раҳбар аст,

Фикри зоҳид дигару савдои ошиқ дигар аст.

Носиҳо даъват макун моро ба фирдавси барин,

К-остони ҳиммати соҳибдилон з-он бартар аст.

Мо ба риндӣ дар басоти қурб рафтему ҳанӯз,

Ҳамчунон пири маломатгар ба пои минбар аст.

 

Ҷамоваранда : Саидхони Эмом

 


[1] -  Таърихи адабиёти Эрон, ҷ 3, бахши дуюм, Доктор Забиҳуллоҳи Сафо, саҳ 1132, чопи панҷум, 1368.

 

[2] - Райҳонат-ул адаб, Муҳаммадалии мудариси Табрезӣ, ҷ 4, саҳ 332.

[3] - Девони Камоли Хуҷандӣ, саҳ 11.

Add comment

Security code
Refresh

Ҳама ҳуқуқҳо ба сайти тоҷикон ҳифз карда шудаанд
Дар Сама тарроҳӣ шудааст