Мунаҷҷимон ва ситорашиносон ба Намруд ибни Канъон, (Намруд яке аз подшоҳони бузург буд, ки дар шаҳри Бобул ҳукумат мекард) гуфтанд: Дар ин сол кӯдаке ба дунё меояд, ки ҳалок ва табоҳии ту ва подшоҳият ба дасти ӯ хоҳад буд. Намруд аз шунидани ин сухан нороҳат шуд ва дастури ҷудои байни мардон ва занон дод, ва бачаҳои тавалудшударо ба қатл бирасонанд. Дар ҳамон шабҳо Торух (падари ҳазрати Иброҳим) бо ҳамсари худ ҳамбистар шуд ва нутфа мунъақид гардид рӯзҳо мегузашт ва осори ҳамл дар модари Иброҳим(а) зоҳир намешуд.Ҳангоми вазъи ҳамл ба ғор рафт ва Ҳазрати Иброҳим(а) ро ба дунё овард ва гуфт эй нури дида агар туро ба шаҳр бибарам дар ҳузури ман саратро аз танат ҷудо мекунанд ва ҳаргиз тоқати ин матлабро надорам ва туро дар ин ғор мегузорам ва ба Худои Ягона месупорам. Модар аз назди Иброҳим(а) ба хона баргашт ва то субҳ оромиш надошт, субҳ ба ишқи дидори фарзанд ба суи ғор омад ва фарзандашро ҳамонгуна, ки хобонда буд хобидааст, ва ангушти худро дар даҳон гузошта мемакад ҳангоме, ки ангушташро аз даҳон берун овард дид, ки аз сари ангушташ шир ҷараён дорад. Ба ин тартиб Худованд Иброҳим(а)- ро 13-сол дар миёни ғор ва кӯҳҳо дур аз чашми мардум ҳифз кард.

Ҳазрати Иброҳим(а) ҳар руз рушд мекард то ин, ки дар сини 13- солагӣ ҷовони 30- сола ба назар мерасад . Ҳазрати Иброҳим(а) ба модар гуфт: Манро ҳамроҳи худ бибар модар моҷароро ба ӯ гуфт, ба модар гуфт ба он Худое, ки тобаҳол маро ҳифз кард ва агар маслиҳати ӯ чунин бошад гарчи кушта шавам дигар дар ин ғор намемонам. Аз пушти модар ҳаркат кард. Модар дид, ки Имроҳим(а) меояд оҳиста оҳиста роҳ мерафт то шаб шавад ва касе ӯро набинад. Дар тайи роҳ бо се тоифа аз мардум вохурд, ки якдаста ситора ва дигари моҳ ва севуми хуршедро мепарастанд. Ва барои инки онҳоро ба Худои Ҷаҳон муарифи намояд. Ҳазрати Иброҳим(а) дид агар ба онҳо изҳори ҳам маслаки ва ҳам дини нанамояд наметавонад онҳоро ҳидоят кунад, бинобарин гуфт: Ин ситора Парвардигори ман мебошад замоне нагузашт, ки ситора ғуруб кард. Ҳазрати Иброҳим(а) фармуд ман ҳар чизе, ки ғуруб ва нобуди дошта бошадро дуст надорам ва ҳаргиз ӯро парастиш нахоҳам намуд то онҳоро ба ин маъно мутаваҷеҳ созад, ки парастиш ҳар чизе нобуди дорад равонест. Ва ин гуна бо моҳ парастон ва офтоб парастон рафтор кард. Ҳазрати Иброҳим (а) бо модар вориди манзил шуд, замоне нагузашт, ки бозрасон аз аҳволи ӯ муталиъ шуданд ва ба Намруд хабар доданд, ки аҳли ин хона фарзанде дар кӯҳҳо парвариш дода ва акнун ба хонаи худ овардаанд. Намруд фармон дод, ки онҳоро ҳозир кунанд, ва ононро дар назди Намруд ҳозир карданд. Намруд аз рӯи ғазаб гуфт: чаро то кунун итилое аз тавалуди фарзандат надоди?. Модари Иброҳим (а) фармуд тасавурам он аст, ки тавалуди фарзандам қабл аз судури дастури шумо буда аст. Намруд дастур дод коршиносон ва мунаҷҷимон Иброҳим(а)-ро муоина ва барраси намуданд ва дар натиҷа гузориш доданд он сифот дар ин ҷавон дида намешавад, чун Иброҳим(а)хуш симо буд ва ҳаркас ӯро медид дуст медошт бо ӯ ҳамсухан шавад.

Иброҳим(а) рӯзе ба Намруд фармуд ба чӣ ҷиҳат бандагони хақиқиро мекуши? ин подшоҳи беш аз мудате барои касе нест ва подшоҳи ҳақиқи мухтаси зоти Ҳақ Тоъоло мебошад.Намруд асабони шуд ва гуфт; ман иддиои подшоҳи намекунам то боқи бимонад ё намонад балки ман худои ҷаҳонам. Иброҳим(а) фармуд Худои Ҷаҳон касе аст, ки мемиронад ва зинда мекунад. Намруд гуфт манҳам қудрати инкорро дорам дастур дод дунафаре ки ҳабс ва воҷибул қатл шуда буданд оварданд. Якеро амр кард ба гардан задан ва дигариро раҳо кард. Ҳазрати Иброҳим(а) гуфт агар метавони офтобро аз мағриб биёвар Намруд сокит монд.Озар бародари падари Ҳазрати Иброҳим (а) дар дарбори Намруд шоғил буд аз санг ва чуб ва соири ашё бут метарошид. Ҳазрати Иброҳим (а) дар маҷомиъ ва маҳофил аз бутҳо бадгӯӣ мекард ва онҳоро ба аҷз ва бечораги нисбат медод. Ид фаро расид ҳама аз шаҳр хориҷ шуда ба саҳро рафтанд Ҳазрати Иброҳим (а) бо онҳо нарафт ва баъд аз хилват шудани шаҳр вориди бутхона шуд ва бо табар бутҳоро шикаст магар бути бузургро ва табарро бар гардани ӯ гузошт ва берун шуд.Ҳангоме ки мардум ба шаҳр омаданд аз авзоъ хабар дор шуданд ва гуфтанд ин кори Иброҳим аст. Ҳазрати Иброҳим(а) фармуд ин бут бузург, ки табар баргардани ӯст ин корро карда аст.Агар сухани манро бовар надоред аз худашон бипурсед! ки чӣ касе онҳоро чунин кардааст? ва гуфтугуи зиёде сурат гирифт. Намрудиён аз посух додани мантиқи ба Ҳазрати Иброҳим(а) оҷиз монданд. Намруд ба ин натиҷа расид, ки ӯро бисузонад ва дастур дод Иброҳимро бисузонед ва худоёнро ёри кунед.Оташи бисёре барои сузондани ӯ афрухтанд ва Ҳазрати Иброҳим(а) ро бавасилаи манҷаниқ дар оташ афканданд дар ин ҳангом Ҷабраил(а) омад ва ба Ҳазрати Иброҳим(а) гуфт ҳоҷате дори то бароварда кунам . Ҳазрати Иброҳим(а) гуфт ман аз ту ҳоҷате намехоҳам маслиҳати Худо бар ин бошад, ки бисузам рози ба ризои Худо ҳастам ва агар нахоҳад манро аз ин оташ ҳифз мекунад. Ногаҳон Намруд Ҳазрати Иброҳим(а)ро дид, ки дар бустони сабз ва хурам нишаста аст.

Ҳиҷрати Ҳазрати Иброҳим(а) аз кишвари Намруд

Намруд фармон дод, ки ӯро аз қаламрави фармонравои мо берун намоед, ки мондани у дар ин шаҳр салоҳ нест ва зиён бар худоёнатон мегардад. Ҳазрати Иброҳим(а) ҳам аз Намруд дили хуш надошт омодаи рафтан шуд амволи худро бардошт ва ҳаракат кард.Намруд барои раҳои аз хатари таблиғоти Иброҳим (а) ба ҳукуматҳои таҳти фармони худ дар атрофи олам номае навишт, ки Иброҳим(а) ро нагузоранд дар ҷое сокин шавад то иддае ба ӯ имон оварда ва ӯ қудрат пайдо кунад. Ҳазрати Иброҳим(а) бо Сора ва Ҳоҷар дар биёбоне фуруд омаданд, ки бар сари роҳи мардум, ки ба Яман ва Шом мерафтанд, қарор гирифт ва ба таблиғи худ шуруъ кад. Ҳазрати Иброҳим(а), ки сахтарин озмунҳои илоҳиро ба василаи имони амиқи худ бо мувафақият комил пушти сар гузошт яке аз онҳо қурбони кардани Ҳазрати Исмоил(а) буд.Расули худо(с) фармуд Ҳазрати Иброҳим(а) дар сини 175 солаги вафот ёфт[1]. Риҳлати он Ҳазрат дар сарзамини Фаластин рух дод ва дар шаҳри Ҳабрун, ки имрӯза ба номи шаҳри Иброҳими Халил(а) гуфта мешавад ба хок супурда шуд, ва замини мадфуни худро аз қабл харидори карда буд.[2]

Пулодҷони камол



[1] Камоли дин ҷ 2 с 523.

[2] Қисаҳои қурони с 73 -87. Торихи анбиё с 119.

 

Add comment

Security code
Refresh

Ҳама ҳуқуқҳо ба сайти тоҷикон ҳифз карда шудаанд
Дар Сама тарроҳӣ шудааст