Милоди ҳазрати Алӣ(к) бар ҳамаи падарони азиз муборак бод

Нури Тоҷикон: Фитрати инсонӣ худ ҳукм мекунад, ки падару модарро эҳтиром кунад ва онҳоро дар ҳадди тавон аз назари моддӣ ва маънавӣ ва отифӣ таъмин кунад.

Аммо дини мубини Ислом, дар ин бора таъкидоти зиёде дорад, ки аҳамияти ин дарку фаҳми фитрии инсонро мерасонад ва албатта ба ҳукми Шореъ ҳам вуҷубу фарзияти онро ҳамчун як амалаи ибодӣ барои бандагони Худованд тасбит ва таъкид мекунад.

Эҳтироми волидайн чунон бо аҳамият аст, ки дар баъзе оятаҳо дар канори ибодати Худо зикр гардидааст ва дар ояте мефармояд: Ҷуз Худовандро парастиш накунед ва ба падару модаратон некӣ кунед(Бақара/83).

Бар ҳамин асос аст, ки дар Ислом эҳтиром ва некӣ ба падару модарро як асл ва воҷиби илоҳӣ таъйин ва фарқе байни муъмину кофир нагузоштааст.

Албатта дар ин дунё баъзе аз падарону модарон ҳастанд, ки дар ҳақиқат онҳоро бояд волидайни осмонӣ номид.

Бале! Падару модари ҳар кас метавонанд барои худаш як падару модари осмонӣ бошанд ва онҳоро беҳтарини беҳтарин падарон бидонад ва бар ин асос эҳтирому некӣ бар онҳоро бо камолаш анҷом диҳад. Албатта ногуфта намонад, ки эҳтироми падару модар, агар даҳҳо сол ҳам бошад наметавонад як шабу рӯзеро, ки онҳо дар қаблу баъд аз таваллуди фарзандашон дидаанд ҷуброн кунад, аммо нияту амал худаш инсонро назди холиқи ҳастӣ русафед хоҳад кард, иншоаллоҳ.

Аммо он чӣ дар ин навиштор ҳадаф буд, табрики милоди яке аз он падарони осмонӣ аст, ки тавонист бо тарбияту таълими осмонӣ дар канори раҳмату шафқати Набии мукаррами Ислом(с) фарзандонеро ба ҷомеа тақдим кунад, ки баъд аз чаҳордаҳ аср ҳануз дар илму дониш, ҳикмату маърифат ва маънавият касе ба онҳо нарасидааст ва шудаанд имому муроди тамоми озодагону озодихоҳон ва ҳақталабон аз тамоми дину оин ва мазҳабу маслакҳо.

Он падар ҳамон саҳобии гиромӣ ва амири муъминону муслиҳон, падари ду наваи Расули Аъзам(с) имом Ҳасан ва имом Ҳусайн яъне ҳазрати Алӣ ибни Абитолиб(к) аст.

Рӯзи сездаҳуми Раҷаб, рӯзи милоди яке аз беҳтарин падарон, падари осмонӣ бар ҳамаи ПАДАРОНИ АЗИЗ муборак бод.

Бо умеди ин ки битавонем мақоми падаронамонро ҳифз кунем.

Add comment

Security code
Refresh

Ҳама ҳуқуқҳо ба сайти тоҷикон ҳифз карда шудаанд
Дар Сама тарроҳӣ шудааст