Чӣгуна ризқу рӯзии худро зиёд кунем?

Аз оёти Қурони карим истифода мешавад, ки тавсиа ва тангии ризқ ба дасти Худо аст:

إن‌ّ ربّك یبسط الرّزق‌َ لِمَن یشأ و یقدر إنّه كان بِعبادِه خبیراً بصیراً .اسرا 30

Бегумон парвардигори ту барои ҳарки бихоҳад рӯзиро гушода ё танг мекунад. Дар ҳақиқат Ӯ бар ҳоли бандагонаш огоҳу биност. (С.Исроъ/30)

Бинобарин, ҳарчанд ирода ва кушиши инсон дар зиёд шудани ризқ ва рӯзи муассир аст. Вале инҳо “ҷузъул иллат” ва ё камтар аз он ҳастанд, зеро ирода ва амали инсон дар ба даст омадани ризқу рӯзӣ яке аз садҳо шароит аст, ки тамоми асбоб ва шароит ба Ӯ тамом мешавад ва Ӯст, ки бар асоси илм ва ҳикматаш рӯзиро миёни бандагон тақсим мекунад, чунонки мефармояд: оё онон раҳмати парвардигоратро тақсим мекунанд?! мо майишати онҳоро дар ҳаёти зиндагӣ дар миёнашон тақсим кардем. (С. Зухруф/32)

Ҳамонтавр, ки баён кардем хости Худованди мутаол “ярзуқу ман яшо” яъне ба ҳар ки хост медиҳад гушоиш ва тангии ризқ низ рӯи иллатҳоест, ки Худо ба бандагони доно ва ба салоҳи онон огоҳтар аст. Ба баъзе ашхос ба сабаби бархе аъмолашон рӯзиро фаровон ва ба баъзе ба сабаби аъмолашон (монанди танбалӣ, қатъ кардани силаи раҳм, гуноҳи зиёд кардан ва...) рӯзиро камтар медиҳад. Бархеро барои озмоиш ва имтиҳон рӯзиро фаровон ато мекунад ва дар кор ва зиндагиашон гушоиш медиҳад ва бархеро барои имтиҳон рӯзии кам медиҳад.

Акнун, ба бархе аз сураҳои Қурони карим, ки дар аҳодиси набавӣ(с) барои зиёд шудани ризқу рӯзи тавсия шудаанд ишора менаомем:

1. Сураи Музаммил: Паёмбари акрам(с) мефармоянд: касе, ки сураи Музаммилро бихонад дар дунё ва охират сахтӣ аз ӯ бардошта мешавад.

2. Сураи Лайл: Паёмбари акрам(с) мефармоянд: касе, ки сураи Лайлро бихонад Худованд он қадар ба ӯ ато мекунад, то розӣ шавад ва ӯро ба сахтӣ наяндозад ва барояш осон мегирад.

3. Сураи Воқеа: Имом Содиқ(а)мефармоянд: касе, ки ҳар шаб сураи Воқиаро бихонад дар дунё сахтӣ, фақр, ниёзмандӣ ва офате аз офоти дунёро намебинад ва дар охират аз аз дӯстони ҷаддам ҳазрати Алӣ(а) мебошад.

4. Сураи Ҳумаза: Имом Содиқ(а) мефармоянд: касе, ки дар намозҳои воҷиб сураи Ҳумузаро бихонад фақр аз Ӯ дур мешавад ва рӯзӣ бар ӯ рӯй меоварад.

5. Сураи Зориёт: Имом Содиқ(а)мефармоянд: касе, ки сураи Зориётро рӯз ё шаб бихонад Худованд вазъияти зиндагии ӯро ислоҳ мекунад ва рӯзии фаровон барояш медиҳад.

6. Сураи Мумтаҳина: Имом Саҷҷод(а) мефармоянд: касе, ки сураи Мумтаҳинаро дар намозҳои воҷиб ва мустаҳаббӣ бихонад Худованд фақр ва девонагиро аз ӯ ва фарзандонаш дур мекунад.

Ҳамчунин сураҳои Наҷм ва Иброҳим барои зиёд шудани ризқу рӯзи дар аҳодиси тавсия шуда аст.

Албатта бояд таваҷҷуҳ ва диққат дошт, ки барои ба даст овардани рӯзи ва молу амвол ва сарват аз роҳи ҳалол, инсон набояд аз талош ва кушиш ғофил шавад. Омилҳои дигар ба монанди илму огоҳӣ нисбат ба тиҷорат ва омилҳои дахлдор ба он ҳамчун машварат, тадбир ва ғайра дар амри ба даст овардани рӯзи ва беҳбудии вазъияти маишатӣ ва моддӣ бисёр муфид ва муассир аст.

Ҳамчунин намози шаб хондан ва дуоҳои фаровоне дар бораи зиёд шудани ризқу рӯзи дар китобҳо ворид шуда аст.

Ва ҳамчунин Паёмбари акрам(с) мефармоянд: намоз боиси баракат ва ризқу рӯзӣ мешавад.

Гуфтаанд, ки аз банда ҳаракат аз Худо баракат; дуруст аст, ки инсон бо хондани сураҳои Қурони карим ва дуоҳо рӯзии худро меафзояд, аммо ин дар сояи кушиш ва талош аст, ки муҳаққақ мешавад ё дар тарк кардан гуноҳ ва ё дар тарк накардани одатҳои хуб, мисли аёдат ва хабаргирӣ аз маризон, бузургон, пирамардон ва пиразанон ва эҳтиром нисбати онон, ҳамчунин тарк накардан ва қатъ накардани силаи раҳм бо ақвом ва хешовандон, ҳатто ба андозаи як салом.

Сайид Муҳаммад Ғозӣ

Коршиноси Фалсафа ва ирфони Исломӣ

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст