Робитаи дин бо озодӣ чист?
Оё бояд динро муқаддам бар озодӣ донист? Ё баръакс озодӣ асл аст ва дин тобеъ аз он?
Баъзеҳо чунин пиндоштаанд, ки озодӣ асл ва муқаддам бар ҳар чизе, аз ҷумла дин аст. Чун агар динро асл бидонем ва озодиро партаве аз он, дар ҳангоми пазириш дин озод нахоҳем буд. Ба иборати дигар пазириши асли дин монанди ҳар кори ихтиёрии дигари инсон, вақте арзишманд ва шоистаи аҷру савоби илоҳӣ аст, ки озодона ва аз рӯи ихтиёр бошад ва агар озодиро фаръ ва ҷойгоҳи онро баъд аз дин бидонем, лозимааш он аст, ки дар ҳангоми пазириши дин озод набошем ва дар натиҷа амали мо ҳам холи аз ихтиёр мегардад. Дар ҳоле, ки интихоби дин, бояд озодона сурат гирад ва имон ба уновони як амали ихтиёрие, ки реша дар умқи қалби одамӣ дорад чизе нест, ки бо зӯр ва иҷбор битавон бар касе бор кард ва аз ҳамин рӯ Худованд ҳам дар Қуръони карим мефармояд:
¼لاَ إِكْرَاهَ فِى الدِّينِ قَدْ تَبَيَّنَ الرُّشْدُ مِنَ الْغَىِّ»
«Дар (пазириши) дин иҷборе нест, ҳамоно роҳи рушд аз гумроҳӣ равшан шудааст»[1].
Бинобар ин, озодӣ асл ва муқаддам бар дин аст ва асосан вуҷуд ва эътибори дин дар партави озодӣ маъно пайдо мекунад.
Ҳоло, ки ҷойгоҳи озодӣ қабл аз дин аст ва дин зоида ва маҳсули озодӣ аст, дин ҳаргиз наметавонад, озодиро маҳдуд кунад чунки ҳеҷ натиҷа ва фаръе наметавонад асл ва асоси худро дар банд бикашад ва бо ин кор эътибори худро низ аз даст медиҳад.
Бинобар ин, инсонҳо дар муҳитҳои динӣ, бояд аз ниҳояти озодӣ баҳраманд шаванд ва аҳкому қавонини динӣ, ҳақи маҳдуд кардани озодиҳоро надоранд.
Бахше аз истидлоли боло сухани ҳақе аст ва бахши дигар ҷуз сафсата чизи дигаре нест, ки бо андак тааммуле қобили шиносоӣ аст.
Қисмати аввали истидлоле, ки пештар гуфта шуда, ки интихоби динро дар фазо ва шароити озод, қобили қабул ва арзишманд муаррифӣ мекунад ва дар таъйиди он ба ояи 256 сураи Бақара, яъне «дар (пазириши) дин иҷборе нест» кумак меҷӯяд, сухани дуруст мебошад,
аммо қисми дуюми истидлол, ки дар идома омадааст ва ба гунае баён мешавад, ки ҳатто баъд аз пазириши дин бояд озодӣ ҳамчунон боқӣ бимонад, ки аҳкому қавонини динӣ ҳам натавонад осебе ба он бирасонад, чизе ҷуз муғолата нест.
Барои равшантар шудани матлаб, бояд гуфт: дар ин истидлол байни ду марҳила ва ду мақом аз озодӣ омехтагӣ шудааст, яъне фарқ байни онҳо гузошта нашудааст; яке озодии қабл аз интихоби дин ва дуюм озодии баъд аз интихоби дин.
Он озодие, ки шарти ихтиёр ва қудрати интихоб аст, ҷойгоҳи қабл аз дин дорад ва бидуни он, интихоби озод инкор хоҳад шуд. Аммо озодии баъд аз пазириши дин, дар доираи дин ва маҳдуд ба ҳудуди динӣ хоҳад буд.
Ба иборати дигар, баъд аз он ки инсон озодона динро интихоб кард, маҷмӯаи дин аъам аз умури эътиқодӣ ва дастурҳои амалиро низ пазируфта аст ва ба лавозим ва натоиҷи ин пазириш, ки амал ва роҳи пӯёӣ дар қолаби ин эътиқодот ва фармонҳои амалӣ аст, гардан ниҳода ва озодона худро тобеи дастурот ва фармонҳои Худованди мутаол сохтааст.
Ҳамонанди ин масъала, дар бисёре аз умури зиндагии инсонҳо низ иттифоқ меафтад. Ба унвони намуна, инсонҳо озодона ва бо интихоби худ, ба итоат ва дастуроти нерӯҳои амниятӣ ва полис медароянд, аммо баъд аз итоат ва пазируфтани озодонаи қавонину муқаррарот аз тарафи нерӯи амният ва полис, ҳақи хато кардан аз қавонину муқарраротро надоранд ва наметавонанд ба ҳар гунае, ки худ мехоҳанд, тасмим бигиранд.
Гоҳе низ ин муғолатаҳо бо ранг ва бозии динӣ ва бо истинод ба бархе оёти қуръонӣ баён мешавад, то аз мақбулияти бештаре бархурдор гардад. Оёте чун:
1ـ ¼لَسْتَ عَلَيْهِمْ بِمُصَيْطِر»
«Ту бар мардум фармонравоӣ ва тасаллут надорӣ»[2].
2ـ ¼مَا جَعَلْنَاكَ عَلَيْهِمْ حَفِيظاً وَ مَا أَنْتَ عَلَيْهِمْ بِوَكِيل»
«Ва мо туро масъули (аъмол)-и онҳо қарор надодаем ва ту ва вакили мардум ва нигаҳбони онҳо нестӣ»[3].
3ـ ¼مَا عَلَى الرَّسُولِ إِلاَّ الْبَلاَغُ»
«Пайғамбар танҳо бояд паёмҳои Худоро ба мардум бирасонад ва на чизи дигар»[4].
4ـ ¼إِنَّا هَدَيْنَاهُ السَّبِيلَ إِمَّا شَاكِراً وَ إِمَّا كَفُوراً»
«Мо роҳро ба ӯ (инсон) нишон додем, хоҳ шукргузор бошад (ва пазиро гардад) хоҳ носипос»[5].
5ـ ¼فَمَنْ شَاءَ فَلَيُؤْمِنْ وَ مَنْ شَاءَ فَلْيَكْفُرْ»
«Ҳар кас мехоҳад бипазирад ва ҳар кас ҳам нахост куфр варзад»[6].
Онҳо бо истидлол ба ин оёт чунон фарёди озодӣ сар медиҳанд, ки гӯё аз Худо ҳам барои озодии инсон дилсӯзонатаранд! Ғофил аз он ки дар муқобили оёти зикршуда, бархе оёт мефармояд: ҳар гоҳ Худо ва паёмбари Ӯ чизеро барои мардум баргузиданд ва ба онҳо дастуре доданд ҳеҷ, кас ҳақи интихоб ва ихтиёр дар муқобили онҳо надорад ва бояд тобеи хости онҳо бошад:
¼وَ مَا كَانَ لِمُؤْمِن وَ لاَ مُؤْمِنَة إِذَا قَضَى اللَّهُ وَ رَسُولُهُ أَمْراً أَنْ يَكُونَ لَهُمُ الْخِيَرَةُ مِنْ أَمْرِهِمْ»
«Ҳеҷ, марду зани боимоне ҳақ надорад ҳангоме ки Худо ва паёмбараш амреро лозим бидонанд, ихтиёре (дар баробари фармони Худо) дошта бошад ва ҳар кас нофармонии Худо ва расулашро кунад ба гумроҳии ошкоре гирифтор шудааст»[7].
¼اَلنَّبِىُّ أُوْلَى بِالْمُؤْمِنِينَ مِنْ أَنْفُسِهِمْ»
«Паёмбар (с) нисбат ба муъминон аз худашон сазовортар аст»[8].
Тақрибан тамоми муфассирон, ин ояи шарифаро чунин тафсир кардаанд, ки: тасмими Паёмбар (с) бар тасмими мардум муқаддам аст ва вақте Ӯ тасмиме гирифт дигарон ҳақи мухолифат дар баробари тасмими ӯро надоранд.
Дар ибтидо шояд тасаввур шавад, ки байни ин даста аз оёти Қуръон таоруз ва зиддият вуҷуд дорад, вале касе ки андак ошноӣ бо Қуръон дошта бошад ва муроҷиа ба тарзи ҷумлабандӣ ва қаблу баъди оёти дастаи аввал дошта бошад, дарк мекунад, ки ҳақиқат ва ҷойгоҳи мавриди назари ин оёт иртиботе ба масъалаи озодӣ надорад, то таноқуз ва зиддияте рух бидиҳад, балки дар мақоми дилдорӣ додан ба Паёмбари Акрам (с) аст. Зеро Паёмбар (с) ба далели он ки мазҳари раҳмат ва утуфати илоҳӣ буд, аз ин ки мардум роҳи Ҳақ ва Исломро намепазируфтанд бисёр нигарон буд ва гоҳе чунон ғуса мехурд, ки гӯё мехоҳад худро ҳалок кунад. Худованди мутаол низ дар мақоми дилдории паёмбари худ мефармояд:
¼لَعَلَّكَ بَاخِعٌ نَفْسَكَ»
«Шояд ту худатро ба сабаби ин ки имон намеоваранд, ҳалок кунӣ»[9].
Худованд оёти дастаи аввалро нозил кардааст, то оромиш ба Паёмбар (с) дода бошад.
Бинобар ин, ин сухан, ки ҳар гоҳ дин дар муқобили озодӣ қарор гирифтааст, дин шикаст хурдааст, пуштивонаи қуръонӣ надорад ва наметавон аз манобеи динӣ барои он далелу мадраке ёфт. Чуноне ки оёти дастаи аввал ҳеҷ, гуна муддаои дигарандешонро исбот намекунад ва бардошти онҳо аз мисдоқҳо ва намунаҳои ошкори «тафсири ба раъй ё ҳамон фикри шахсӣ» мебошад.
Манбаъ:
Пурсишҳо ва посухҳо(3), Муҳаммадтақии Мисбоҳи Яздӣ.
Таҳия: Қурбонали Саттор