آیا توهین به قرآن آزادی بیان است؟

ФИРЪАВНИЁН БА ПО ХОСТААНД! МО ЧИКОР МЕКУНЕМ?!!!

Баъд аз амали нангине, ки чанде пеш як нафар дар Амрико нисбати Қуръон анҷом дод ва қалби худопарастонро ба дард овард, инбор дар як кишвари исломӣ ва албатта ишғолшуда ин амал аз тарафи сарбозони хуношоми онҳо анҷом шуд ва бори дигар муъминон ва пайравони Исломро ба дард овард. Гузашта аз ин амали он сарбоз! Ҳокимони онҳо ҳам амали ӯро нишоне аз озодии баён ва ақидаи башарӣ мепиндорад!.

ҲАРЧАНД ТАМОМИИ МУСАЛМОНОН ВА ҲАТТО БИСЁРЕ АЗ ОЗОДМАРДОНУ ОЗОДЗАНОНИ ҶАҲОН ТАВҲИН БА АДЁНУ БОВАРҲОИ ДИГАРОНРО МАҲКУМ МЕДОНАНД ВА ОНРО ШУРУЪИ БАРХУРДҲОИ ПАЙРАВОНИ ҲАРКАДОМ АЗ ОН РАВИЯҲО БО ҲАМДИГАР МЕШУМОРАНД, АММО МЕБИНЕМ, КИ ҲОКИМОНУ СИЁСАТМАДОРОНИ ХАБИСИ БАЪЗЕ АЗ КИШВАРҲО, ДАР КАНОРИ ЗИДДИЯТ ВА МОНЕИЯТ БАРОИ МУСАЛМОНОН, ҲАТТО БА КИТОБИ ОНҲО БЕҲУРМАТӢ РАВО МЕДОРАНД ВА ИН КОРРО ҲАМ АЗ НИШОНАҲОИ ОЗОДИИ БАЁН ВА ҲУҚУҚИ БАШАРӢ МЕШУМОРАНД.

ОЁ ВОҚЕАН ТАВҲИН БА ЯК СЕЮМ АЗ МАРДУМИ ҶАҲОН ВА БАЛКИ БА ТАМОМИИ ИНСОНҲОИ ХУДОПАРАСТ АЗ ҲАМА АДЁН, ХУД ЗИДДИ ҲУҚУҚИ БАШАР НЕСТ?!

ОЁ НАМЕТАВОН БАРОИ ИН ПАЙРАВОН ҲАҚҚУ ҲУҚУҚЕ ДАР МАҶОМЕИ БА ИСТИЛОҲ БАШАРӢ ДАР НАЗАР ДОШТ?

ОЁ АГАР ИН ИНСОНҲОИ ХУДОПАРАСТ, ҲАТТО ДАР ХОНА ВА КИШВАРИ ХУД БА ЯКЕ АЗ САРБОЗОНИ ХУНОШОМИ ҒАРБ ТАВҲИНЕ МЕКАРД ӮРО БА ДОДГОҲИ ҶАҲОНӢ НАМЕКАШИДАНД?

ОЁ ИН ҲАМА КАТЛУ ХУНРЕЗӢ БАС НАБУД, КИ БА ҚУРЪОН, КИТОБИ ОСМОНИИ МО ТАВҲИН РАВО МЕДОРАНД?!

ҲАРЧАНД МО БА СОҲИБИ ОН КИТОБ УМЕД ДОРЕМ ВА АЗ ҲОКИМОНУ РАИСОНИ МАҶОМЕИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ИНТИЗОРЕ НАДОШТА ВА НАДОРЕМ, АММО НИМНИГОҲЕ БА КИШВАРҲОИ ИСЛОМӢ ДОРЕМ, КИ ОЁ САДОЕ ШУНИДА МЕШАВАД?!!!! АФСУС! АФСУС ВА САД АФСУС, КИ ХУД ИНҲО ХОКИ ПОЙИ ОНҲО ҲАМ НЕСТАНД!!

БА ИН ВАСИЛА МО ДОНИШПАЖУҲОН ВА ПАЙРАВОНИ ДИНИ МУБИНИ ИСЛОМ, ДАР ҚОЛИБИ ИН СОМОНА МАҲКУМИЯТИ ИН АМАЛИ НАНГИН ВА ЗИДДИ ДИНӢ ВА БАШАРИРО ЭЪЛОН МЕДОРЕМ ВА САЗОИ ОНҲОРО АЗ ХУДОИ МУТАЪОЛ ХОСТОРЕМ. УМЕД АСТ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ВА Ё ҲАДДИ АҚАЛ МАҶОМЕИ ИСЛОМӢ ҲАМ БИТАВОНАНД САДОИ ХУДРО БАЛАНД КУНАНД ВА АЗ ИДОМАИ ИНГУНА ҲАРАКАТҲО, КИ ҲАҚИҚАТАН САБАБИ РУШДИ ҶАНГУ ДУШМАНИҲО ХОҲАД ШУД, ПЕШГИРӢ НАМОЯНД.

ОНКИ БО ХУДО БИҶАНГАД ҲАТМИСТ ШИКАСТУ ХОРИАШ

Мудирияти сомонаи НУРИ ТОҶИКОН аз шумо хонандагони азиз барои ибрози назар дар ин мавзуъ даъват менамояд.

Add comment

Security code
Refresh

Ҳама ҳуқуқҳо ба сайти тоҷикон ҳифз карда шудаанд
Дар Сама тарроҳӣ шудааст