Инсон дорои шуур, эҳсос ва рӯҳи латифу ҳақталаб мебошад. Аз ин рӯ дар миёни махлуқот, танҳо ӯст, ки роҳи зиндагиашро интихоб мекунад ва ояндаи заррину равшане барои худ рақам мезанад ё асири шаҳват ва бадбахтӣ мешавад. Дар ин миён яке аз сифатҳое, ки барои идомаи ҳаёт инсон хеле муҳим аст сифати умед аст.

Ин сифат нақши таъйинкунандае дар ҳаёти саодатмандонаи инсон дорад. Ин умед аст, ки сабаби идомаи ҳаёт ва зиндагии саршор аз талош ва кушиш барои ҳар мавҷуде мегардад.

Агар умед набошад, ҳеҷ мавҷуде талош ва кушиш намекунад ва ҳеҷ модаре фарзандашро шир намедиҳад ва нороҳатиҳо ва ранҷҳоро барои парвариши ӯ таҳаммул намекунад. Агар умед дар рӯҳи инсон набуд ҳеҷ инсони дигареро дӯст намедошт ва муҳаббату дӯстӣ байни инсонҳо лаҳзае буду бас. Ҳазрати Расули Акрам(с) дар маврди ин сифати ҳаётӣ ва муҳим мефармоянд: Умеду орзӯ барои уммати ман раҳмат аст ва агар умеду орзӯ  набуд, ҳеҷ модаре  фарзандашро шир намедод ва ҳеҷ боғбоне  ниҳоле намекошт.

Аз назари равоншиносӣ ҳам собит шуда, ки афсурдатарин, шикастхурдатарин ва бемортарини инсонҳо, инсонҳои ноумед ҳастанд ва равонковӣ байни инсонҳо мегӯяд, равони инсон пайваста бо умеди пайвандхӯрда аст, ки ганҷи беназир дар дарунаш аст ва ҳар лаҳза ки умедашро аз даст бидиҳад, равонаш мурдааст.

Агар ҳар инсоне ба ин меандешид, ки дақиқае дигар мемирад ва зоҳиран тамом мешавад ва умеде ба ҷаҳони дигар ва оянда надошт, дигар ҳадаф ва ангезае барои идомаи ҳаёт намедошт ва шояд яке аз розҳои махфӣ будани марги ҳар кас ва поёни умр ин аст, ки чароғи гаронбаҳо ва пурфурӯғи умеду орзӯ дар дили инсонҳо хомӯш нашавад ва пайваста барои лаҳзаҳо ва соату солҳо ва умре беҳтар талош кунад ва умедвор бошад. Умеду ишқ ба оянда ва рӯзҳои  хуш танҳо омилест, ки  инсонро талошгару пурковиш  сохтааст.

Умеди решаи ҳаёти мост. Таҳқиқан инсони ноумед на танҳо инсонҳои атрофашро дӯст намедорад, балки  аз худ низ безор аст ва ба ин меандешад, ки чаро мутаваллид  шуда, барои чи ба ин  ҷаҳон по гузошта  ва ба куҷо меравад. Ҳамин чароҳо ва чароҳои дигар гоҳе решаи куфр аст.

Агар инсон ба Худо ва кароматаш умедвор набуд ҳаргиз наметавонист ӯро парастиш кунад ва некӯкор бошад. Касе, ки ба Худованд умедвор набошад аз ӯ тарсе надорад ва монее барои гуноҳ кардан намебинад  ва

ҷаҳони беумед ҷаҳони пасту пӯч аст. Барои таҳарруки бештар дар  гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва хонавода бояд умедворӣ ва рӯҳияи  муқобила бо шикасту талошро дар онон густариш дод. Умед, ин борони ҳаётбахши сарзамини вуҷуди инсон агар набошад, инсон хаставу бемору ноумед ва саршор аз эҳсоси пӯчӣ ба зиндагӣ видоъ мекунад. Дар ҳоле ки метавонад бо умед ба ояндаи дурахшон ва биҳишти ризвон зиндагии ширине дошта бошад. Худованди меҳрубон барои тамоми мавҷудоташ беҳтарин маслиҳатҳоро муқаддар доштааст.

Дар манобеи динӣ ноумедӣ ба шиддат мавриди мазаммат қарор гирифта ва ҳатто мубталоёни ба он ба кофир таъбир шудаанд:

يَا بَنِيَّ اذْهَبُواْ فَتَحَسَّسُواْ مِن يُوسُفَ وَأَخِيهِ وَلاَ تَيْأَسُواْ مِن رَّوْحِ اللّهِ إِنَّهُ لاَ يَيْأَسُ مِن رَّوْحِ اللّهِ إِلاَّ الْقَوْمُ الْكَافِرُونَ

«Эй писарони ман! Биравед ва аз Юсуфу бародараш ҷустуҷӯ кунед ва аз раҳмати Худо ноумед мабошед, зеро ҷуз гурӯҳи кофирон касе аз раҳмати Худо ноумед намешавад» Сураи Юсуф ояти /87

Чигуна мумкин аст инсоне, ки қоил ба «Ин тансуруллоҳа  янсурукум ва юсаббит ақдомакум», «Валазина ҷоҳаду фино ланаҳдияннаҳум субулано» ва ... аст, дучори ноумедӣ гардад, чунки мӯъмин бояд вазифаи худро бишиносад ва амал кунад, ин амал ӯро ба натиҷаи матлуб бирасонад ё не.

Агар бихоҳем аз асари умед сӯҳбат кунем муҳимтарин таъсири он эҷоди ангеза барои фаолият ва таҳарруки бештар ва қавитар аст. Ҳаракате, ки бо умед ба оянда анҷом  мешавад аз истеҳком, таъсир ва шуури хоссе бархӯрдор аст, чигуна мумкин аст бидуни вуҷуди умед дар ислоҳ ва беҳбуди вазъи мавҷуд, талош ва фаолияти муассир ба вуҷуд биёяд?.

Дар канори матлаби гуфта шуда таваҷҷӯҳи ин нукта зарурӣ аст, ки ҳамон қадре ки ноумед ба оянда метавонад хатарнок бошад, хушбинии беш аз ҳад ҳам дар ҷои худ хатарофарин аст. Агар ноумедӣ ба сардӣ ва берамақӣ ва таҳаррук надоштан меанҷомад ва ангезаи талош ва кушишро аз байн мебарад. Хушбинии беш аз ҳад низ эҳсоси ниёз ва вазифа барои фаолияти ҷиддиро аз байн хоҳад бурд. Хушбинии беш аз ҳад метавонад инсонро ба ҷое расонад, ки аз канори  масоили асосии иҷтимоӣ ба содагӣ бигзарад ва аз анҷоми ончи ки ба ӯҳдаи ӯст ғофил шавад.

Ва масъалаи охир инки шояд гуфта шавад, ки дуруст аст, ки ҳадаф аз баёни дардҳо, дармон аст ва ҳатто бо умед ба беҳбуд аст, ки ин нақдҳо  сурат мепазирад, вале ба сухан ба миён овардан аз ишколи мавҷуд ва бозгӯии онҳо дар мухотаб эҷоди ноумедӣ хоҳад кард. Дар ҷавоби чунин

мантиқе бояд гуфт: Агар мусомиҳатан бипазирем, ки баёни муъзалот, ноумедӣ дар мухотабро ба дунбол дорад, оё иллати пайдоиши ин ноумедӣ, нишон додани ин муъзалот аст ва оё он чизест, ки ин дардҳоро ба вуҷуд овардааст? Оё барои хушкондани решаи чунин ба зоҳир ноумедӣ бояд аз баён ва ишораи бадонҳо ба манзури дармонро пешгирӣ кард ва ё решаи эҷоди ин муъзалотро хушконд? Оё бо чашм барҳам ниҳодан ва сар дар барф фурӯ кардан умед эҷод хоҳад шуд ва ё баръакс, авомили эҷоди ноумедӣ реша хоҳанд давонд? Оё бояд пеши гоми аввали мубориза бо муъзалотро гирифт ё авомили аслии эҷоди муъзалотро шиносоӣ ва бо онҳо муқобила кард?

Аз назари равоншиносӣ собит шуда, ки афсурдатарин, шикастхурдатарин ва бемортарини инсонҳо, инсонҳои ноумед ҳастанд.

Таҳияи Нусратуллоҳи Сайёр

Тоҷикон


Add comment

Security code
Refresh

Ҳама ҳуқуқҳо ба сайти тоҷикон ҳифз карда шудаанд
Дар Сама тарроҳӣ шудааст