ЧАҲОРДАҲ СИФАТИ БАНДАГОНИ РАҲМОН

идомаи мақолаи зиндагии солим ( қисми1 - қисми2)


1. ТАВОЗУЪ ВА ФУРУТАНӢ (ояти 63)

2. МУДОРО БО ҶОҲИЛОН (ояти 63)

3. НАМОЗҲОИ ШАБОНА (ояти 63)

4. ХАВФУ ТАРСИ ИЛОҲӢ (ояти 65)

5. ДУРӢ АЗ ИФРОТУ ТАФРИТ, ҲАТТО ДАР КОРҲОИ ХАЙР (ояти 67)

6. ДУРӢ АЗ ШИРК (ояти 68)

7. ЭҲТИРОМ БА ХУНИ ҲАМАИ ИНСОНҲО (ояти 68)

8. ДУРӢ АЗ ЗИНО (ояти 68)

9. ДУРӢ АЗ ШАҲОДАТИ ДУРӮҒ, КОРҲОИ БОТИЛ (ояти 72)

10. ГУЗАР АЗ МАҲФИЛҲОИ БОТИЛ ВА БЕҲУДА, БО ҲИФЗИ ИЗЗАТУ КАРОМАТ (ояти 72)

11. ТАҲҚИҚУ ТАФАККУР, ТААҚҚУЛУ ТАДАББУР ДАР ОЯТҲОИ ИЛОҲӢ (ояти 73)

12. ДУЪО БАРОИ ОҚИБАТБАХАЙРИИ ХОНАВОДА (ояти 74)

13. ДУЪО БАРОИ КАСБИ МАҚОМИ РАҲБАРИЯТИ МУЪМИНОН (ояти 74)

14. ДАРЁФТИ ПОДОШИ САБРУ БУРДБОРӢ ДАР ҲАМА ҲОЛАТҲО (ояти 75)

ЧАҲОРДАҲ СИФАТИ БАНДАГОНИ РАҲМОН, РОҲКОРИ ИСЛОМ БАРОИ ЗИНДАГИИ СОЛИМ

1. ТАВОЗУЪ ВА ФУРУТАНӢ:

»ибодурраҳмон аллазина ямшуна алал арзӣ ҳавнан« ояти 63

Бандагони ҳақиқии Худованд, вақте роҳ мераванд кибру ғурур ва худбинию худхоҳӣ дар рафторашон дида намешавад. Онҳо беҳтарин рафторро бо дигарон аз худ нишон медиҳанд.

Ҳақиқатан он касе, ки ба мақоми Худо огоҳ гаштааст, дигар вуҷуди худро онқадар намебинад, ки арзиши кибрро дошта бошад ва дар баробари он зоти пок қад алам кунад ва бо кибру ғурур роҳ биравад.


2. МУДОРО БО ҶОҲИЛОН:

»изо хотабаҳумул ҷоҳилун қолу саломан« ояти 63

Вақте бо инсонҳои нодон ва бехирад бархурд кунанд, фақат бо салом ба рафтору гуфтори ношоистаи онҳо посух медиҳанд ва худро бо бадиҳои онҳо шарик намекунанд. Муъминон, ки иззатро аз Худо ва Расул ва муъминон медонанд, ҳеҷгоҳ худро аз пастии дигарон дар хатар намебинанд ва ба дунболи интиқоми нобаҷо нахоҳанд буд. Албатта ҳеҷгоҳ иззату имони худро бо зиллату бе имонӣ ҷойгузин намекунанд ва аз ҳаққу ҳақиқат дар баробари зулму бе адолатӣ бо тадбиру имонашон дифоъ мекунанд. Чунон ки Паёмбари Ислом(с) вақте дид ҳаққи тоҷиреро соҳибмансаби сарватманде гирифтааст, бо қудрат дар баробараш зоҳир гашт ва ҳаққи соҳибҳақро ба худаш баргардонд. Аммо вақте ҷоҳилон ва нохирадон нисбати Ӯ беҳурматӣ мекунанд, ҳеҷгоҳ посухи онҳоро намедиҳад ва бо сукути маънодораш онҳоро ҳидоят мекунад, ки худ ҳамин рафтораш таъсироти зиёд дар дигарон дошт.


3. НАМОЗҲОИ ШАБОНА:

»ябитуна лираббиҳим суҷҷадан ва қиёман« ояти 64

Шабро дар хилвати худ бо Худо мегузаронанд ва бо ибодату розу ниёз рӯзро ба истиқбол мераванд. Расули Худо(с) хитоб ба саҳобае фармуд: ман расули Худо ҳастам ва қисмате аз шабро ба ибодат мегузаронам... пас шумо ҳам ингуна бошед.

Дар ҳақиқат ибодату розу ниёзи шабона яке аз амалҳои хоссе аст, ки инсониро ба меъроҷи маънавӣ мебарад ва дар ирфони исломӣ таъкиди зиёд барои он шудааст. Аммо ин масъала ҳеҷгоҳ набояд бо зиндагии инсон халал расонад ва сабаби дурӣ аз зану фарзанд ва корҳои рӯзонааш шавад, ки Худои мутаол фармуд: шабро барои оромиши шумо ва рӯзро барои касбу коратон қарор додем. Пас агар хобу хез ва касбу корамонҳам барои Худо бошад итоат аз фармони Ӯ кардаем ва ибодатамон барои касби мақому манзалати дунёӣ ва ухравӣ хоҳад буд

.

4. ХАВФУ ТАРСИ ИЛОҲӢ:

»яқулуна раббано асриф анно азоба ҷаҳаннама инна азобаҳо кона ғароман, иннаҳо соат мустақаррав ва муқоман« ояти 65

Муъмин дар айни имон ва умед ба раҳмату лутфи илоҳӣ, ҳамеша аз хашияти илоҳӣ барои рушди маънавии худ баҳраманд аст. Медонад, ки азоби қиёмат барои саркашон аз фармони илоҳӣ бисёр сахту дарднок аст. Бандаи ҳақиқии Худо бо илме, ки дорад хашяту тарси илоҳиро дар худ тақвият ва ҳамеша бо он зиндагӣ мекунад. Чунон ки фармуд: ба дурусти бандагоне, ки олим ҳастанд аз Худо метарсанд (с. Фотир: 28)

5. ДУРӢ АЗ ИФРОТУ ТАФРИТ, ҲАТТО ДАР КОРҲОИ ХАЙР:

»изо анфақу лам юсрифу ва лам яқтуру ва кона байна золика қавоман« ояти 67

Инсонҳои бо хирад ва бо имон, ҳамеша дар корҳои моддӣ ва маънавӣ ҳадди миёнаро интихоб мекунанд ва дар амри илоҳи ҳам на ифроту тундгароӣ ва на тафриту оқибмондагӣ доранд. Онҳое ки бандагони Раҳмон ном гирифтаанд, ҳатто дар некӣ зиёдаравӣ надоранд ва на исрофро ва на сахтгириро дар хайроту садақоташон роҳ намедиҳанд.

6. ДУРӢ АЗ ШИРК:

»ло ядъуна маъаллоҳи илоҳан охар« ояти 68

Инсонҳои бо имон ва бандагони Раҳмон, ғаёр аз Худои воҳид касеро соҳибу молики ҳастӣ намедонанд ва ҳеҷгуна ниёзи моддӣ ва маънавиеро бе изнаш аз ғайри Ӯ талаб намекунанд. Ҳатто шафоати расулашро бо изни Ӯ медонанд, ки фармуд: кист, ки бе изни Ӯ шафоъат кунад (с. Ёсин: 255)

Ҳамин боварро дар зиндагии иҷтимоъии худ доранд, ки набояд аз ғйри молику ҳокими мутлақ фармонбардорӣ кунанд, балки ин ҳақро барои ғайри Ӯ бе изнаш ширк мешуморанд ва маҳз итоати амри Ӯро роҳнамои зиндагии моддӣ ва маънавии худ медонанд.

Гоҳ бандагонаш намозу рӯзаро бо зоҳири мухлисона барпо медоранд, вале вақте дар баробари зулму беадолатӣ ва гоҳ ҳокимони мустабиди бе дин қарор мегиранд бо сукути бемънои худ таъйидгари онҳо мешаванд ва гоҳ барда ва абди молу сарват ва дунёи худ мегарданд. Ин аст ширк дар баробари тавҳид ва ягонагии ҳокими мутлақ Аллоҳ таъоло.


7. ЭҲТИРОМ БА ХУНИ ҲАМАИ ИНСОНҲО:

»ло яқтулуна нафса аллати ҳаррамааллоҳу илло билҳақ« ояти 68

Аз назари Ислом ва шариати илоҳӣ, ҷону нафси инсонҳо муҳтарам аст ва ҳеҷгуна халалу зараре набояд ба молу номуси инсонҳо ворид гардад. Ҳеҷкас ҳақ надорад хуни касеро ба ноҳақ бирезад ва поймол кунад, ҳатто агар он хун хуни як кофиру бе имон бошад. Чунон, ки вақте Расули Рамон(с) ба ҷанг мерафтанд, таҷовуз ба ҳарими зану фарзандони сарзаминҳои фатҳ шударо манъ мекарданд ва онҳоро дар ҳадди имкон аз ҳаққу ҳуқуқи инсонӣ баҳраманд мегардонданд. Дар таърих нақл аст, ки амири муъминон Алӣ ибни абитолиб вақте хабардор шуд, дар шаҳре ба зани яҳудие беҳурматӣ шудааст ва зару зеварашро кандаанд, фармуд: агар муъмине аз ин хабари дилсуз ҷонашро ба Худо таслим кунад ҷои таъаҷҷуб надорад... .!

Дар шариати Муҳаммадӣ ва суннати Ӯ ва сираи асҳобу ёронаш борҳо таъкид шудааст, ки ҳар инсоне, аз Араб ва ё Аҷам, аз сафед ва ё сиёҳ ва ҳар нажоде, ки набошад фарқе назди дин надоранд магар бо тақвои дар рафтору гуфтор ва кирдору пиндор.

идома дорад

Add comment

Security code
Refresh

Ҳама ҳуқуқҳо ба сайти тоҷикон ҳифз карда шудаанд
Дар Сама тарроҳӣ шудааст