ЗИНДАГИИ СОЛИМИ ИҶТИМОӢ АЙНИ ХОСТАИ ИСЛОМ

Сайид Акбарзода;

 

Ислом хамчун мактаби наҷотбахш ва роҳнамои ҳақиқии башарият, аз тарафи холиқи ҳастӣ ташреъ гаштааст. Ин дин, ки аз халқи Одам то охири ҳастӣ танҳо дини мақбули илоҳӣ будааст, чунон ки мефармояд: ҳақиқатан дин назди Худованд (ҳамон) Ислом аст (с. оли Имрон: 19) бо нозил гаштани Қуръон ба хотами Анбиё Муҳаммади Мустафо(с) ба фармудаи Аллоҳ таъоло: имрӯз дини шуморо комил гардонидам ва неъматамро бар шумо тамом кардам ва дини Исломро барои шумо таъйин намудам (с. Моида:3) комил гашт ва бо реҳлати соҳиби шариат Паёмбари Ислом(с) асҳобу ёрони бовафояш ва олимони умматаш масъулу вазифадори истихроҷу истинбот аз каломи ваҳй ва суннати набавӣ гаштанд, то ҷомеаро барои рушди илмӣ ва ақлӣ ва пешрафтҳои моддӣ ва маънавӣ роҳнамоӣ намоянд ва ҳамаи инро барои ризои Аллоҳ таъоло ва саодати дунё ва охират бихоҳанд. Қуръони карим ҳамчун манбаъ ва роҳнамои ҳақиқат барои башарият аст, ки баъд аз чаҳордаҳ аср, боз баҳраҳои илмӣ ва моддию маънавиро олимони ҳақиқӣ аз он истинбот мекунанд ва метавонанд барои ҳар ҳаракати фикрию иҷтимоӣ ва ҳатто сиёсию низомӣ ва иқтисодию амниятӣ ва даҳҳо илму маърифати дигар, аз он баҳраҳо баранд. Оқил он аст, ки агар динро қабул дорад, пас ба ҷои ҳайрону саргардонӣ аз танҳо манбаъи мактуби динаш истифода мебарад ва зиндагии худро бар асоси фаҳму даркаш аз он устувор мегардонад, ки рӯзи ҷазо назди соҳиби ҳастӣ посух барои кору бекориаш хоҳад дошт ва аҷрашро хоҳад дид, аммо агар натавонад зиндагии худро бар асоси ҳақоиқе, ки дар китобу суннат омадаст татбиқ намояд, онвақт назди Аллоҳ таъоло посухе нахоҳад дошт ва хусрони дунё ва охиратро ҳамчун подоши зиндагиаш хоҳад гирифт (с Аср: 2-3). Яке аз сураҳое, ки дар инҷо мехоҳем бо истифода аз тафосир ва гуфтаҳои олимони дину диншинос, барои зиндагии худ баҳраи иҷтимоъӣ бардорем, сураи Фурқон аст. Нигоҳе ба сураи Фурқон: Ин сура дар Қуръон 25-умин сура, дар саҳифаи 359 то 366 ҷойгир аст ва бо 77 оят дар чаҳор бахши асосӣ аз назари мавзуъ, нозил гаштааст. Дар бораи фазилат ва ҷойгоҳи тиловати ин сура, аз имом Мусо(р) ривоят аст, ки » ҳар кас он сураро ҳар шаб бихонад(ва ба он амал кунад) ҳеҷгоҳ азоб намешавад ва муҳосиба ва саволу ҷавоб намегардад ва дар Фирдавси аъло(беҳтарин ҷои Ҷаннат) ҷой дода мешавад«. Албатта равшан аст, ки ин ҷойгоҳ ва фазилатҳои сегона »Азоб намешаванд – ҳисобу китоб намегарданд – ҷойгоҳе дар Фирдавси аъло доранд« вақте насиби тиловаткунанда мегардад, ки тиловаташ бо дарку фаҳм ва амалаш ҳамроҳ бошад, вагарна мисдоқи ояти дигари Қуръон хоҳанд буд, ки фармуд: ... яҳмилу асфоро... мисли чаҳорпоёне, ки китобҳоро ҳамл мекунанд, вале чизе аз он намефаҳманд (с. Ҷумъа: 5) Пас ин сура ба ғайр аз ин ки метавонад зиндагии моддӣ ва дунявии моро роҳнамо бошад, барои охирати мо савобу ҷазои хайр хоҳад дошт. Дар як нигоҳи куллӣ ба ин сура, мавзуоти он ба тартиби зер тақсим бандӣ мешаванд.

• АСЛИ ТАВҲИД • АСЛИ НУБУВВАТ • АСЛИ МИЪОД • СИФОТИ ИБОД-УР-РАҲМОН

АСЛИ ТАВҲИД:

Ислом ва тамомии Анбиё ва Авлиё аз ҳазрати Одам то ба Хотам(с), ҳамагӣ ин шиор ва боварро барои башарият мерасонданд, ки бояд Холиқу Соҳиб ва Маъбуди худро якка ва ягона бидонем. Бояд ба тавҳид, яъне ягонагӣ ва бе шарику рақиб будани Аллоҳ дар хилқату офариниш, дар рубубияту маъбудият ва моликияти ҳастӣ бовар пайдо кунем ва имон биёварем. Фақат Ӯ қодири тавоно ва соҳиби ҳастӣ аст ва ғайри Ӯ фақат бо изни ташриъӣ ва ё таквинӣ метавонанд дар ҳастӣ дахлу тасарруф намоянд, чунон ки моликияти нисбӣ ба касбу кор ва даромади ҳар инсон ташриан аз тарафи Худо изн дода шудааст. Агар инсоне имон дорад ва Худоро бовар кардааст, аммо қудрате ғайр аз Ӯро ҳокиму соҳиби худ медонад, чи пул бошад ва чи зану фарзанд ва ё шахсу шахсияте ғайр аз зоти поки Аллоҳ ва онҳое, ки аз тарафи Ӯ изни хилофаташро доранд, ҳатман бар ботил рафтааст ва тавҳиди илоҳиро напазируфтааст. Агар Аллоҳ ҳокими мутлақ аст, пас набояд ғайри Ӯ бар мо нуфузе дошта бошад ва моро маҳкуму маъбуди худ гардонад. Ин аст асли тавҳид.

идома дорад

Add comment

Security code
Refresh

Ҳама ҳуқуқҳо ба сайти тоҷикон ҳифз карда шудаанд
Дар Сама тарроҳӣ шудааст