Тақво, ки аз сифоти муъминон аст барои ҷомеа амният ва оромиш ҳадя мекунад.

Яке аз нишонаҳои мӯъминон тақво аст, яъне парҳез ва пешгири аз гуноҳ, фисқу фасод ва зулм, бо гуфтору рафтор ва таълиму тарбияти насли оянда.

Инсони бо тақво агар хато ва гуноҳе анҷом диҳад, онро бо тавба ҷуброн мекунад.

 

Асари риояти тақво: оромиши иҷтимоӣ

Тақво яке аз сифатҳои олия ва болои инсонист, ки сабаби рушд ва авҷи имон мешавад. Инсони муттақӣ ба фармудаи Худои Мутаол дар оромишу амният аст:

الَّذِينَ آمَنُواْ وَلَمْ يَلْبِسُواْ إِيمَانَهُم بِظُلْمٍ أُوْلَئِكَ لَهُمُ الأَمْنُ وَهُم مُّهْتَدُونَ . انعام / 82 ‏

Касоне, ки имон оврданд ва онро бо зулм –бе тақвоӣ – ҳамроҳ накарнанд, дар амният ҳастанд ва онҳо ҳидоят ёфтагонанд. (Сураи Анъом, ояти 82)

Бар асоси ояти зикр шуда имони инсон асл аст то вақте, ки онро бо зулм, ки боризтарин бетақвоист ҳамроҳ накрда бошад.

Дар ҳақиқат ҳамроҳии тақво бо имон, сабаби амнияти ҷомеа мешавад, чун инсонҳои ботақво ҳақ ва ҳуқуқи дигаронро риоят мекунанд, лизо ба ҳамдигар амон ва итминони хотир медиҳанд ва ин сабаби эҷоди амнияти фикрӣ, ҷонӣ ва молӣ дар ҷомеа мегардад ва ояндагонро ҳам дар амнияти эҷод шуда, қарор медиҳанд.

Асари тарки тақво: нооромӣ ва зулумат

Худои Мутаол дар боби касоне, ки тарки тақво кардаанд ва он оромишу амният ва ризқу рӯзиеро, ки доштанд аз даст доданд, мефармояд:

وَضَرَبَ اللّهُ مَثَلًا قَرْيَةً كَانَتْ آمِنَةً مُّطْمَئِنَّةً يَأْتِيهَا رِزْقُهَا رَغَدًا مِّن كُلِّ مَكَانٍ فَكَفَرَتْ بِأَنْعُمِ اللّهِ فَأَذَاقَهَا اللّهُ لِبَاسَ الْجُوعِ وَالْخَوْفِ بِمَا كَانُواْ يَصْنَعُونَ / النحل 112

Дар ин оят қиссаи қавмест, ки ба сабаби имону тақво дар неъмату оромиш буданд, аммо замоне расид, ки куфри неъмат намуда тақворо фаромуш карданд. Худованд мефармояд: Хавфу тарс ва ноамниро ба сабаби он корашон, (ки гуноҳ ва бе тақвоӣ буд) ба онҳо ворид кардем ва зиндагии иҷтимоии онҳо ноором гашт ва ин ба сабаби дурӣ аз тақвое буд, ки дар он ҷомеа эҷод гашт.

Бинобар ончӣ баён гашт, инсонҳо агар ба тақво ва покдоманӣ аз назари моддӣ ва маънавӣ таваҷҷуҳ намуда онро дар зиндагии иҷтимоии худ риоят намоянд, дар амният қарор мегиранд ва ҷомеа ва ҳатто ояндагон аз вуҷуди он амният баҳраманд мегарданд.

Ин аз ваъдаҳои илоҳист, ки албатта агар неъматҳои Ӯ фаромуш шавад ва носипосӣ дар ҷомеа бавуҷуд ояд, қавми носипос гирифтори зулумату гумроҳӣ ва ноамнии руҳӣ ва равонӣ хоҳанд гашт ва ояндагонро ҳам зулму бадбахтӣ беамон хоҳад кард.

اللهم اجعلنا من الشاکرین

Худоё! моро аз шокиронат қарор деҳ.

Поянда ва сарфароз бошед

Сайид Акбарзода

Add comment

Security code
Refresh

Ҳама ҳуқуқҳо ба сайти тоҷикон ҳифз карда шудаанд
Дар Сама тарроҳӣ шудааст