Суқути инсон аз мақоми инсоният

Инсон фитратан ва ба сабаби хусусиёт ва заминаҳои рушдие, ки Худои Мутаол барои ӯ додааст, метавонад бо каме талошу кушиш дар олитарин мақомоту дараҷоти ҳастӣ, ки барояш муқаддас менамояд қарор гирад. Ин инсон чунон имконияте дорад, ки тавониста аст аз тарафи холиқи ҳастӣ дар миёни анвоъу ақсоми мухталифи махлуқоташ ба унвони болотаринаш, ки халифа дар рӯи замин аст ва онро ба анбиёву авлиё ато намуда аст муаррифӣ гардад.

Аммо дар тарафи дигари вуҷудии ҳамин инсон, ки фитраташ поку муқаддас аст, чунон разолату пастӣ ва хорӣ, дур аз инсоният хобида аст, ки агар аз роҳи ҳаққу фитраташ ғофил гардад гирифтори он гирдобу зулмат мегардад ва поинтарин дараҷаи махлуқотро касб мекунад. Ин ҳол, то онҷо паст аст, ки холиқаш, ҳамоне ки ӯро дар миёни малоик бартар муаррифӣ намуда буд ба ӯ хитоб мекунад ва дар каломи осмонӣ мехонем, ки фармуд: Онҳо гумроҳанд мисли анъом ва чорпоён, балки гумроҳтар аз онҳо! Бале он махлуқе, ки ба болотарин дараҷоти ҳастӣ роҳ дорад, чунон разлу паст мегардад, ки манфуру мағзуби даргоҳи холиқаш мегардад ва бояд бидаравад ончиро кошта аст!.

Дари инҷо ишорае дорем ба яке аз асбоби суқут ва гирифториҳои инсон, ки ӯро аз мақому манзалати фитрӣ ва худододиаш ба поинтарин дараҷоти разолату гумроҳӣ мекашонад ва дар ҳақиқат суқут аз инсонияташро наздик мекунад.

Гуноҳ

Занб ва гуноҳ амале аст, ки аз назари оёту ривоятҳо ва сухани авлиё ва бузургони дин, сабаби ғаму ғусса, тарсу изтироб, нигаронӣ ва гумроҳӣ ва дар як гуфтор сабабаи суқути инсон аз мақоми худаш мешавад. Суқуте, ки дар дунё ва охират зиндагии ҷаҳаннамӣ хоҳад дошт.

Ҷаҳаннами дунё ҳамон ғаму ғуссаҳояш ва тарсу изтиробаш аст, ки гирифториҳои зиндагии хонаводагӣ ва ҳамсояҳо ва дӯстону наздиконаш мешавад, ки оромиши шабу рӯзашро аз ӯ мегирад ва ӯро ба фасоду ноҳамзистӣ мекашонад.

Албатта гоҳ инсонҳое пайдо мешаванд, ки дар зоҳир зиндагии мураффаҳу ором ва ё ҳамон боигарии дунёиро доро ҳастанд, аммо агар бар хилофи фитраташон рафтор кунанд ва ба корҳои нораво наздиктар аз корҳои хайру савоб бошанд ҳақиқатан зиндагии нооромеро таҷриба мекунанд ва сахтиҳои зиёдеро, ки шояд даҳҳо нафар аз нодорҳо онро надида ва нашунида бошанд ӯро фаро мегирад ва ҳамчунин назди дигарон бадному ҳақхӯрии дигарон ва золиму ситамгари нотавонон шинохта мешавад ва манфури дӯсту душман. Дар қиёмат ҳам ӯст, ки нодору гирифтор ва оҷиз аз посух додан ба Худои Мутаол, аммо нодорони ин дунё агар ба кори савоб наздик бошанд дасташон пур ва савор бар неъматҳои биҳиштӣ ва аммо агар савобашон кам бошад ҳам посухгӯияшон осонтару назди Худоаванд рӯзӣ дода мешаванд.

Натиҷа ва паёмади гуноҳ

Ҷаҳаннам

Худои Мутаол дар аҳволи аҳл дӯзах ва ҷаҳаннам мефармояд:

ذُوقُوا عذابَ الحَرِیقِ ذالِکَ بِما قَدُّمَت أیدِیکُم وَ أنُّ اللهَ لَیسَ بِظَلّام لِلعَبِید / 181_ 182 آل عمران

... бичашед азоби оташи сӯзонро, ин ба хотири он чизе аст, ки бо дастонатон (кардед ва пеш аз худатон) фиристодед. Ҳақиқатан Худои Мутаол ба ҳеҷ бандае зулм намекунад.

Ояти муборака ишора дорад ба натиҷаи амалҳое, ки инсон дар дунё мекунад ва онро бо дасти худаш ба парванда ва номаи аъмолаш мегузорад, то рӯзе, ки бояд дар қиёмат мукофоташро бибинад. Он рӯз набояд бигӯяд, ки Худояш бар ӯ зулм карда аст, чун холиқи ҳастӣ бар касе зулм намекунад, балки натиҷаи амалҳои худашонро ба онҳо нишон медиҳад. Зулм намекунад, балки аз пеш ба инсонҳо огоҳӣ дода аст, то барои худ тӯшае холису пок ва дур аз гуноҳ омода кунанд ва калиде ба сарои охират бифиристанд, то он рӯз дасташон холӣ ва занҷирашон бекалид намонад.

Бехудоӣ

Худои Мутаол дар ин боб дар каломи раҳмониаш мефармояд:

أو کَظُلُماتٍ فی بَحرٍ لُجِّیٍّ یَغشاه مَوجٌ مِن فَوقِه مَوجٌ مِن فَوقِه سحابٌ ظُلُماتُ بَعضُها فَوقَ بَعضٍ إذا اُخرِجَ یداهُ لَم یَکَد یُراها و مَن لَم یَجعَلِ اللهُ لَهُ نوراً فَمالَهُ مِن نورٍ / 40 نور

... ё мисли торикие, ки дар дарёи амиқу чуқур ва бузурге, ки мавҷе онро пӯшонда аст ва мавҷе болои он ва болои он абре торик. Торикиҳое, ки боло ба боло ва рӯи ҳам қарор доранд. Он қадар, ки қариб аст дасти баровардаи худро набинад ва агар Худо нуре барои он қарор надиҳад нуре барояш нест.

Дар ояти мазкур Худои Мутаол бо тамсиле аз ҳолати қароргирии як киштӣ дар рӯи баҳре сухан гуфтааст, ки ҳам калону ҳам туфонӣ аст ва дар шаби торик бенуру рушаноӣ қарор дорад. Дар он киштӣ инсоне фарз шудааст, ки ҳатто дастони худро ба сабаби торикии зиёд наметавонад бубинад. Агар дар он ночорӣ ва танҳоӣ ва хатароте, ки вуҷуд дорад холиқу соҳиби боду рушноӣ ба ёрии он нарасад ҳеҷ касу чизе ӯро наҷот намедиҳад. Ин тамсил дар ҳоли инсоне аст, ки дар гуноҳ ғутавар гашта аст ва гирдоби фасоду ҳаром ӯро дар бар гирифта аст ва роҳи наҷоташ дар нуре аст, ки холиқаш фақат метавонад ба ӯ ато намояд. Аммо чун ӯ чунон гумроҳу дур гашта аст, ки наметавонад аз он нури илоҳӣ баҳраманд гардад гирифтори зиндагиаш бехудоӣ аст. Ӯ танҳоӣ ва дар зоҳир зиндагии дунёиро ба нури ҳастӣ ва наҷоту саодат аз гирдоби фисқу фасод тарҷеҳ додааст ва дар натиҷа роҳи расидан ба нуру рушноиро бар худ пӯшида аст.

Бенасибӣ аз ҳидоят

Гуноҳ ва саркашӣ аз ҳаққу ҳақиқат назди шариат зулм бар нафси худ шуморида мешавад ва он сабаби бенасибӣ аз ҳидоят аст.

Зоти бениҳоят холиқи ҳастӣ мефармояд:

أَفَمَنْ أَسَّسَ بُنْيَانَهُ عَلَى تَقْوَى مِنَ اللّهِ وَرِضْوَانٍ خَيْرٌ أَم مَّنْ أَسَّسَ بُنْيَانَهُ عَلَىَ شَفَا جُرُفٍ هَارٍ فَانْهَارَ بِهِ فِي نَارِ جَهَنَّمَ وَاللّهُ لاَ يَهْدِي الْقَوْمَ الظَّالِمِينَ /109 توبه

Оё касе, ки бунёну ҳастии худашро бар асоси тақво ва парҳезкорӣ ва ризои худояш ниҳода беҳтар аст ва ё касе, ки бунёну асоси худро бар лабаи партгоҳ ва дарае, ки фурӯрехтанӣ мерезад ва дар оташи ҷаҳаннам афканда мешавад?! Худо қавми золимро ҳидоят намекунад.

Дар ояти боло шахси саркашу гуноҳкорро ҳамчун касоне медонад, ки хонаи худро дар лабаи дарраҳое, ки ба зудӣ фурӯ мерезанд сохта бошанд ва бо ин корашон бар худу, хонавода ва наздиконашон зулм раво доштаанд. Ва чун дар шариати осмонӣ зулм чи бар худ бошад ва чи бар дигарон амре мазмуму гуноҳ ва аз ақсоми гуноҳони кабира навишта мешавад аз ин рӯ сабаби дурӣ аз нури осмонӣ мегардад.

Ин аст, ки ояти мазкур мегӯяд: Ингуна инсонҳое, ки ба худ ҳам раҳм надоранд ва ба ҷои инки зиндагии худро бар ҳаққу ҳақиқат бино кунанд дунболи фасоду нопокиҳо мераванд ва бинои ҳастиро бар партгоҳи ҷаҳаннам месозанд, пас худояшон онҳоро ҳидоят намекунад, чун аз гуруҳи золимин ҳастанд.

Дар каломи раббонӣ мехонем,ки “Дар дин иҷборе нест, чаро ки роҳ аз бероҳа ошкор шуда аст” Дар ояти боло омада ҳам инсонро мухтору озод гузошта аст, то ҷойгоҳи мустаҳкаму пояндаро ва ё лабаи дарра ва партгоҳро барои хонааш интихоб кунад. Ҳарҷоеро интихоб кунад натиҷаи корашро хоҳад дид ва ҳеҷгуна зулму зур бар сари ӯ ба ноҳақ раво намегардад.

Гуноҳе, ки сабаби суқуташ бар ҷаҳаннами дунёӣ ва охиратӣ мегардад ҳам мисли ҳамон бунёне аст, ки дар канори даррае номутмаин сохта буд ва савобе, ки сабаби уруҷаш бар Фирдавс мегардад ҳам мисли хонае аст, ки мустаҳкаму пойдор сохта буд.

Худои раҳмону раҳим зиндагии касеро тағйир намедиҳад, магар худашон бихоҳанду талош кунанд.

Поянда ва сарфароз бошед

Сайидбурҳон Акбар

Add comment

Security code
Refresh

Ҳама ҳуқуқҳо ба сайти тоҷикон ҳифз карда шудаанд
Дар Сама тарроҳӣ шудааст