Дарки мафоҳими динӣ бо баёни ҳунарӣ
Агар баёни Қуръон ҳунарӣ набуд, имкон надошт, ки битавонад ин ҳама ҳақоиқ ва мафоҳими олиро дар худ бигунҷонад. Ба ҳамин хотир аст, ки ҳеҷ тарҷума ва тафсири Қуръон қодир нест ҳақоиқи қуръониро бифаҳмонад. Инсон бояд бо забон ва ҳатто бо резакориҳои ҳунарӣ ошно бошад ва албатта дар фазои маънавӣ ҳам қарор бигирад то бифаҳмад Қуръон чи мегӯяд. Лизо худи Қуръон мегӯяд:
يُضِلُّ مَن يَشَاءُ وَيَهْدِي مَن يَشَاءُ[1]. Иддае Қуръонро мехонанд, ҳидоят мешаванд, вале иддае ҳам бо хондани он – ба далели адами дарк ва фаҳми саҳеҳ – гумроҳ мешаванд. Ин идда чун наметавонанд бо Қуръон иртибот бигиранд, ба он васл намешаванд то тавоноии дарки мафоҳимро дошта бошанд. Албатта баёни Қуръон баёни вофӣ аст; мунтаҳо шароити хоссе мехоҳад то инсон битавонад ба маънои ҳақиқии калима, мухотаби Қуръон қарор бигирад. Ғараз ин ки фақат гунҷоиши баёни ҳунарӣ қодир ба баёни бисёре аз мафоҳим аст, ки мафоҳими волои динӣ аз ин қабил аст. Фақат ба василаи ҳунар мешавад ин мафоҳимро дарк кард.
Тадаббур барои фаҳмидан ё тафсир кардан?
Аслан тадаббур барои тафсир кардан нест, балки барои фаҳмидани мурод аст. Инсон ҳар сухани ҳакимонаеро ду гуна метавонад талаққӣ кунад; яке сарсарӣ ва бо саҳлангорӣ ва дигарӣ бо диққату кунҷковӣ. Ин аслан ба марҳилаи тафсир кардан ва таъбир кардан намерасад. Тадбире, ки дар Қуръон лозим аст, парҳез кардан аз сарсарӣ нигаристан дар Қуръон аст, яъне шумо ҳар оинаи қуръониеро, ки мехонед, бо тааммул ва жарфнигарӣ бошад ва дунболи фаҳмидан бошед. Ин ҳамон тадбир аст ва бе ин ки ниёзе бошад, ки инсон салоиқи худашро ба Қуръон таҳмил кунад – ки ҳамон тафсир ба раъй аст – хоҳед дид, ки бобҳоеро аз маърифат ба ҳасаби муҳтавои оят – ҳарчи ки муҳтавои оят аст – боз мекунад.
Қуръон мегӯяд: Маро сарсарӣ нахонед.[2] Қуръон аз олитарин мақом ва аз қуллаи маърифати олами вуҷуд аст. Ин аст, ки инсон бояд тааммул кунад ва чун умқи ин оёт ва ин мафоҳим хеле зиёд аст, ҳар кас тааммул кунад, аз он истифода хоҳад кард, ҳатто худи Пайғамбар(с). Худи Пайғамбар(с) ҳам агар тааммул кунанд – ки албатта Пайғамбар(с) ҳамеша Қуръонро бо тааммул ва тадаббур мехонданд – аз Қуръон истифода мекунанд.
[1] Сураи Наҳл, ояти 93. “(Худо) ҳар касро бихоҳад (ва лоиқ бидонад) ҳидоят мекунад. (Ба гуруҳе тавфиқи ҳидоят дода ва аз гуруҳе онро салб мекунад.)”
[2] Сураи Муззаммил, ояти 4; ... وَرَتِّلِ الْقُرْآنَ تَرْتِيلًا ... (Ва Қуръонро бо диққат ва тааммул бихон).

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст