Амр ба маъруф нишонаи ишқи инсон ба дин ва мардум аст.
Амр ба маъруф нишонаи тааҳҳуд, сӯз ва алоқаи инсон ба саломати ҷомеа аст.
Амр ба маъруф нишонаи тавалло ва табарро аст.
Амр ба маъруф нишонаи озодӣ дар ҷомеа аст.
Амр ба маъруф нишонаи робитаи созанда миёни мардум аст.
Амр ба маъруф нишонаи фитрати бедор аст.
 Амр ба маъруф ҳасту нест кардани воҷибот аст. Чаро намоз нахондӣ? Чаро рӯза нагирифтӣ?
Амр ба маъруф зомини иҷрои воҷибот ва наҳй аз мункар, зомини тарки муҳаррамот аст.
 Амр ба маъруф ташвиқи некӯкорон дар ҷомеа аст.
 Амр ба маъруф ёдоварӣ ва огоҳ кардани афроди нодон ва ҷоҳил аст.
 Наҳй аз мункар талх кардани коми хилофкорон ва ҷинояткорон аст.
 Амр ба маъруф ва наҳй аз мункар газ ва тормозе аст, ки мошини ҷомеаро ҳидоят ме‏кунад.
Амр ба маъруф сабаби дилгармӣ ва тақвияти афроди камирода ме‏шавад.
 Амр ба маъруф нишонаи ҳузур дар саҳна аст.
Амр ба маъруф мақом ва ҳаққе аст, ки Худованд ба аҳли имон дода то бар аъмоли якдигар назорат дошта бошанд.
 Наҳй аз мункар ҷубронкунандаи камбуди тақвои баъзе аз афроди ҷомеа аст.
Амр ба маъруф ҷомеаро рушд ме‏диҳад ва наҳй аз мункар ҷомеаро аз нобудӣ наҷот ме‏диҳад.
 Амр ба маъруф ҳофизи марзҳо ва ҳуқуқи афрод аст. Ҷомеаи бе ‏фарёд ҷомеа‏и мурда аст ва афроди сокит ҷимодоти нафаскашанда беш нестанд.
 Амр ба маъруф ва наҳй аз мункар нишонаи ғайрати динӣ, эҳсоси масъулият ва мушкилоти мардумро мушкилоти худ донистан аст.
 Амр ба маъруф ва наҳй аз мункар навъе қарантинаи рӯҳӣ дар баробари айб‏ҳо ва гуноҳони гузаранда аст.
Амр ба маъруф ва наҳй аз мункар навъе назми иҷтимоӣ аст. Маҳдуд кардани хостаҳои ашхос дар баробар маслиҳат ва салоҳи ҷомеа ва афроди бе қайду банд аст.
Амр ба маъруф ва наҳй аз мункар нишонаи рушд аст. Ҳазрати Лут(а) дар баробари гурӯҳи гуноҳкор пурсид: Оё дар миёни шумо як нафари рашид ҳаст то монеъи ин кор шумо шавад? Сураи Ҳуд, ояти 78
 Бо амр ба маъруф ва наҳй аз мункар масоили дохили ҷомеа ҳал ме‏шавад ва ме‏тавонад бо душманони хориҷӣ муқобила кунад.
Ҳамин имрӯз агар як абарқудрат ё ситамгаре, ки минтақа‏еро бомбаборон ва ситам ме‏кунад ва бузургтарин мункарҳоро анҷом миедиҳад, худро дар баробари фарёди ҳамаи кишварҳо бибинад, ҳаргиз даст ба ин ҷиноят намезанад. Сукути байналамилалӣ ва тарси раҳбарон ва бетафовутӣ ва бехабарии мардум сабаб шудааст, ки мустакбирони ҷаҳон дар баробари бузургтарин мункароти худ ҳеҷ эҳсос хатаре накунанд.
 Агар корхона ниёз ба бозрасӣ ва назорати муҳандисони мутахассис дорад, ҷомеаи башарӣ ҳам ниёз ба назорат ва бозрасии донишмандони исломшинос дорад.
 Дар ҳадис ме‏хонем: Беҳтарин дӯст он аст, ки ҳангоми гуноҳ, монеъи ту шавад ва бадтарин дӯст он аст, ки ба ту ҳушдор надиҳад. Имом Содиқ (Дуруди Худо бар ӯ бод) ме‏фармояд: Беҳтарин дӯсти ман касе аст, ки айбҳои маро ба ман ҳадя кунад.
Агар ҳар кас худро аз дарун ва мардум аз берун назорат кунанд ва хубиҳо ташвиқ ва тарғиб ва бадиҳо манъ шаванд беҳтарин уммат хоҳем буд. Чунонки Қуръони Карим ме‏фармояд: Шумо барои мардум беҳтарин уммат ҳастед, ки ба маъруф амр мекунед ва аз мункар наҳй менамоед ва ба Худо имон доред. Сураи Оли Имрон, ояти 110
  Ҳазрати Алӣ(к) мефармояд: Тамом корҳои хайр ва ҳатто ҷиҳод дар роҳи Худо, нисбат ба амр ба маъруф мисл оби даҳон нисбат ба об дарё аст. Наҳҷулбалоға, ҳикаматҳо.
Умедворем Худои Мутаол, ки худ амркунанда ба маъруф ва наҳйкунанда аз мункар аст ба мо тавфиқи амал ба ин амри сарнавишсозро иноят намояд.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст