Талош кунед эҳсосоти ӯро бишиносед. Ба вижа замоне, ки метарсад, ба тарсаш эҳтиром бигузоред ва ӯро бо тарсе, ки дорад бипазиред.
Ба ҷои он ки бигӯед: “Гурба, ки тарс надорад! Бубин бо дидани ман мегурезад” ва ба содагӣ аз канори он рад шавед.
Метавонед бигӯед: “Биё канори ман, садои гурба хеле баланд буд, моро тарсонд. Ман ҳам замоне, ки синни ту будам гурбаро, ки медидам медавидам пеши модарам. Биё бо ҳам саъй кунем, ки дигар аз гурба натарсем” ва бо ханда идома бидиҳед: “Ӯ бояд аз мо битарсад. Магар не?”
Бо ӯ дар бораи тарсе, ки дорад самимона сухан бигӯед ва иҷоза диҳед хеле роҳат дар бораи он ҳарф бизанад. Суханашро қатъ накунед ва дар пайи роҳнамоиҳои фаврӣ набошед. Аз худи ӯ роҳи ҳал бихоҳед.
Ба ҷои он ки бигӯед: “Чи касе туро ин қадар тарсонда аст? Ба дохили хона рав. Агар чизе дидӣ маро садо кун.”
Метавонед бигӯед: “Биё бо ҳам ба дохили хона биравем ва каме қадам бизанем. Ҳозир ки ҳаво торик аст бубинем чи чизе боис мешавад, ки мо шабҳо метарсем ва танҳо ба он ҷо биравем. Мувофиқӣ?”. Таваҷҷӯҳ дошта бошед замонеро барои сӯҳбат кардан интихоб кунед, ки худи ӯ низ майл дошта бошад ва ин корро маҷбурӣ анҷом надиҳад. Ҳангоми сӯҳбат кардан низ ба ӯ нигоҳ кунед ва ба ҳаяҷоноти ӯ вокуниш нишон диҳед то бидонад ӯро дарк мекунед ва баъди сӯҳбатҳояш роҳи ҳал бихоҳед.
Ба ҷои он ки бигӯед: “Ҳамин буд? Ин, ки чизе нест фарзандам! Аслан ин чизҳо тарс надорад. Ту фикр мекунӣ, ки тарс дорад?”
Метавонед бигӯед: “Аҷаб! Ман намедонистам ин мавзӯъ туро нороҳат мекард ва боиси тарси ту мешуд. Хеле мамнун, ки ба ман гуфтӣ. Ёдат ҳаст, ки аввалин бор чи шуд, ки тарсидӣ?”
Баъди гуфтани ҷавобаш бипурсед: “Ба назарат чи кор кунем, ки дигар аз он натарсӣ? Агар бихоҳӣ корҳоеро, ки метавонем анҷом бидиҳем тақсим мекунем ва бо ҳам ин тарсро аз байн мебарем.”
Ҷавобҳои муассирашро таъйид кунед ва ба кор бибандед.
Метавонед бигӯед: “Офарин! Рост гуфтӣ! Метавонем, пеш аз он ки ту биёӣ дохили хона, чароғи айвонро равшан кунем... дуруст аст, агар ин корҳое, ки мегӯи анҷом бидиҳем ҳатман муваффақ мешавем. Агар мувофиқӣ равшан кардани чароғро ба ӯҳдаи ман бигузор, баррасӣ кардани ҳавлӣ аз пушти панҷара ҳам бо ту. Баъд аз он ҳатман метавонӣ бо хаёли осуда ба ҳавлӣ биравӣ. Албатта агар бихоҳӣ ман танҳоят намегузорам.”
Таҷрибаҳои худро барояш бигӯед.
 Ба ҷои он ки бигӯед: “Кам-кам бузург мешавӣ ёдат меравад.”
Метавонед бигӯед: “Ман ҳам вақте ҳам синни ту будам ҳамин тавр метарсидам, вале як бор тасмим гирифтам чароғи хонаро равшан кунам ва хуб ба атроф нигоҳ кунам вақте мутмаин шудам чизе барои тарс вуҷуд надорад чароғро хомуш кардам ва дубора бо диққат ба ҳамаи чиз нигоҳ кардам. Дидам ҳеҷ тағйире накарда аст ва тасаввуроти ман буд, ки нороҳатам мекард ва маро метарсонд. Ин кор хеле ба ман кӯмак кард ва ман тавонистам кам-кам тарсамро аз байн бибарам.”
Коре кунед, ки эътимод ба нафси ӯ афзоиш ёбад. м Ба ҷои он ки бигӯед: “Дигар бузург шудаӣ! Хеле бад аст, ки аз ин чизҳо битарсӣ.”
Метавонед бигӯед: “Азизам! Хеле ҷолиб аст, ки метавонӣ ва ҳар рӯз саъй мекунӣ, ки тарси худро кам кунӣ. Хеле хушҳол шудам вақте тавонистӣ ба танҳоӣ биравӣ нон бихарӣ ва баргардӣ.”
Агар аз ҳам синну солҳояш мисол бизанед саъй кунед, ки ин мисоли малмус бошад на куллӣ.
Ба ҷои он ки бигӯед: “Аз бақияи бачаҳо ёд бигир бубин онҳо наметарсанд.”
Метавонед бигӯед: “Азизам! Мавҷудоти майда хатаре надоранд. Дидӣ дирӯз Фарҳод писари ҳамсоя, аз тортанак натарсид. Фақат кофӣ аст, ки худатро гум накунӣ.”
Вақте мехоҳед коре бикунед, ки натарсад шароитеро фароҳам оваред, ки ба ӯ хуш бигзарад.
Ба ҷои он ки бигӯед:”Чаро аз гурба метарсӣ? Бирав пешаш! Бирав дигар.”
Метавонед бигӯед: “Он гурбаро бубин! Гӯё  мунтазир аст, ки мо бо ӯ бозӣ кунем. Фикр мекунам баҷошавак бозии хуб аст. Вале аввал бояд ба ӯ наздик бишавем бубинем, ки назари худаш чист! Магар не? То наздик шудан ба гурба бо ҳам мусобиқа бидиҳем? Омодаӣ? Оғоз!”
Бо ӯ ҳамдилӣ кунед.
Ба ҷои он ки бигӯед: ”Худатро ноз накун ва нағмаи бачаҳои майдаро бозӣ накун! Ту дигар бузург шудаӣ”
Метавонед бигӯед: “Ман канори ту ҳастам. Агар эҳсоси баде дорӣ ба ман бигӯ. Фикр мекунам, ки битавонам кӯмакат кунам. Гоҳе одам чизҳое метарсад, вале нигарон набош! Ман ҳамроҳиат мекунам.”
Пирӯзиҳои пешини ӯро барояш ёдоварӣ кунед.
Ба ҷои он ки бигӯед: “Ҳамеша метарсӣ! То кай мехоҳӣ ин тавр бошӣ?”
Метавонед бигӯед: “Ту метавонӣ мушкилатро ҳал кунӣ! Тавоноиашро дорӣ. Фақат бояд мисли ҳамеша худат бихоҳӣ ва талош кунӣ. Ёдат ҳаст он рӯзе, ки беруни шаҳр рафта будем ва ту метарсидӣ аз рӯи он пули чубӣ бигузарӣ? Вале чун дидӣ, ки ману падарат гузаштем, чи қадар хубу зуд тавонистӣ ин корро бикунӣ? Ту боз ҳам метавонӣ. Ин тавр нест?.”
Бо ӯ бозӣ кунед ва дар ҳини бозӣ нақшҳоеро иҷро кунед, ки битавонед бар тарс аз чизе ғалаба кунед. Ба ин тартиб ӯ машқ мекунад, ки чигуна бо тарс муқобила кунад. Метавонед барои кам кардани тарсаш аз торикӣ, ҳар бор як нафар чизеро дар хонае, ки чароғаш хомуш аст баҷо кунад ва дигаре барои пайдо кардани он ба онҷо биравад ва ҷустуҷӯ кунад.
Эҳсоси амният барояш ба вуҷуд оваред.
Ба ҷои он ки бигӯед: “Ту худат бояд битавонӣ корҳоятро анҷом бидиҳӣ. Ман, ки наметавонам ҳамеша бо ту бошам...”
Метавонед бигӯед: “Барои он ки мутмаин бошӣ ҷои нигаронӣ нест ман ҳамроҳиат мекунам то вақте худат бихоҳӣ танҳо ин корро анҷом бидиҳӣ. Агар фикр мекунӣ, ки хатаре дар атрофат ҳаст ман метавонам мувозиб бошам ва ту бо хаёли осуда корҳоятро анҷом диҳӣ.”

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст