Яке аз ниёзҳои рушди кудак, фаро гирифтани одатҳои хуб дар хурдан ва ошомидан ва дигар корҳои рӯзмараи инсон аст. Пайғамбар(с) ба мусулмонон, аз хурду бузург, равишҳо ва одоби дуруст хурдан ва ошомидан ва рафторҳои дигарро меомухт. Барои мисол, дар ҳадисе омада аст, ки Пайғамбар(с) фармуд:

“Ҳаргоҳ касе аз шумо хурок мехурад бо дасти росташ бихурад ва ҳаргоҳ меошомад бо дасти росташ биёшомад; зеро Шайтон бо дасти чапи худ мехураду меошомад”.

Дар ҳадиси дигаре аз Умар ибни Абисалама омада аст, ки Пайғамбар(с) ба ӯ   фармуд: “Наздик ой писарам ва Бисмиллоҳ бигу ва бо дасти ростат ва аз пеши худат бихур”.

Аз дигар ниёзҳои рушди кудак ин аст, ки кудак аз ҳамон хурдсоли анҷом додани ибодатҳоро ёд бигирад то ба анҷом додани он одат кунад, ҳамчунин лозим аст, ки арзишҳои динӣ ва ахлоқиро биёмузад. Пайғамбари Акрам(с) мефармоянд: “Аз синни ҳафт солагӣ намоз хондан ба кудакон омухта шавад”.

Идома дорад

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст