Oilah 002

Гоҳе ҳамкорӣ ва кӯмак ин аст, ки вориди ҳарими кории якдигар нашаванд, балки руҳияи якдигарро дарк кунанд. Мардҳо маъмулан бо мушкилоте дар ҷомеа бархурд доранд, ки занҳо метавонанд ба онҳо руҳия бидиҳанд. Метавонанд хастагии онҳоро аз танашон берун кунанд. Ба онҳо табассум кунанд ва ба онҳо дилхушӣ диҳанд. Агар чунончи зан ҳам кори берун аз хона дорад, боз мард ӯро кӯмак ва тақвият намояд. Зан ҳам заруратҳои мардро дарк кунад, фишори ахлоқӣ наёрад, коре накунад, ки ӯ дар идораи зиндагӣ бечора шавад ва Худои накарда ба роҳҳои нодуруст биравад. Ӯро ба истодагӣ ва пойдорӣ дар майдонҳои зиндагӣ ташвиқ ва таҳрик намояд. Агар чунончи кори ӯ вақти зиёд мегирад ва ӯ наметавонад ба вазъи хонавода расидагии кофӣ дошта бошад, инро ба рухи ӯ накашад, инҳо муҳим аст. Инҳо вазифаҳои зан аст. Мард ҳам вазифа дорад, ки заруратҳо ва эҳсосоти занро бифаҳмад ва аз ҳолаш ғофил набошад яъне ӯро дарк кунад.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст