Ihtrom 002

Зану шавҳар бояд ба якдигар эҳтиром бигузоранд, на эҳтироми зоҳирӣ ва ташрифотӣ, балки эҳтироми воқеӣ. Эҳтиром ин нест, ки масалан ҳамдигарро бо алқоб ва одоб фарёд кунанд, ин корҳо айни беэҳтироми ва паст задан аст. Эҳтиром яъне қалбан мард ба занаш ва зан ба шавҳараш эҳтироми воқеи бигузорад. Ин дар идома ва идораи зиндагӣ хеле муҳим аст. Набояд зану шавҳар ҳамдигарро таҳқир, паст бизананд, беэҳтиромӣ ва хор кунанд. Бо якдигар бо номҳои комили худ ва лақабҳое ки якдигар меписанданд бо эҳтиромона садо бизанем.

Қадами дувум эътимодсозӣ

Нигоҳ доштани муҳаббат ба ин аст, ки зану шавҳар эътимоди ва боварии якдигарро ҷалб кунанд. Агар ингуна шуд, муҳаббат ва вафодорӣ пойдор мешавад ва унс ба вуҷуд меояд. Бояд фазои эътимодро ба вуҷуд биоваред ва ба хуби ҳифз ва нигаҳдори кунед.

Вафодорӣ хеле муҳим аст. Агар зану шавҳар эҳсос кунанд, ки ба ҳамдигар вафодор ҳастанд муҳаббати дучандон байни онҳо ба вуҷуд меояд, он вақт хонавода пойдор хоҳад шуд ва солҳои дароз идома пайдо мекунад.

Вақте зан ё шавҳар эҳсос кунад, ки фикри ҳамсараш ҷои дигар аст ва ё ба ӯ рост намегӯяд ва самимияте дар байнашон нест, ҳар қадар муҳаббат дошта бошад ин муҳаббат заиф ва оҳиста оҳиста нобуд хоҳад шуд.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст