Бисёре аз афрод, ишқро фақат дар ҷумлаҳои эҳсоси хулоса ва аз меъёрҳои воқеӣ он аз ҷумла эҳтиром ба тарафи муқобил ғафлат мекунанд, ки ин масъала мавҷиби шакл гирифтани издивоҷҳои бесубот, бедавом ва дар натиҷа афзоиши омори талоқ мешавад.

Аммо ишқи воқеи читавр аст? Чигуна бояд бифаҳмед ишқе, ки тарафи муқобил бо шумо иброз мекунад ҳақиқи аст ва не аз рӯи ҳавас ва фурсатталабӣ?

Асоси ишқварзӣ

Илми равоншиносӣ(психологи) дунболи таодули рафтори аст ва эҳсос ва рафтореро мепазирад ва солим медонад, ки таодул дошта бошад, бинобар ин ишқварзи бо шахсияти солим ниёз дорад. Беҳтарин ва арзишмандарин ишқварзиҳоро аз тарафи касоне мушоҳида мекунем, ки аз назари равони ва шахсияти солим ҳастанд, бинобар ин ишқу ранги он бо шахсияти ҳар фард иртибот дорад.

Доштани шахсияти солим решаи ишқварзи солим аст. Афроде метавонанд ба дигарон ё ба ҳамсари худ ишқ варзанд, ки ибтидо ба худ ишқ варзанд, яъне асоси ишқарзи ба дигарон, ишқварзи ва эҳтиром ба худ аст.

Адаби сухан гуфтан аз нишонаҳои ишқ

Доштани адаби равонӣ, каломи ва рафтори аз нишонаҳои муҳимми як ҷавони солим ва як ошиқи воқеӣ аст. Оё касоне, ки бадтарин суханҳоро ба кор мебарад, таҳдид мекунад, обрӯи хонаводаро ба хатар меандозад ва паёмҳои гуноҳолуд мефиристанд, метавонад ишқи ростинро дошта бошад?

Кинаҳои даврони кудаки ва навҷавони бар ишқварзи афрод таъсир мегузорад, духтару писаре, ки муҳаббат ва отифаи волидайнро таҷриба накардаанд ва ё бо маҳрумиятҳои шадиди равони ва иқтисоди рӯ ба рӯ будаанд, мумкин аст навъе бадбини дар бораи зан, мард ва ё ташкили хонавода дошта бошанд, ки ин вижаги дар ишқварзи ва оромиши афрод таъсиргузор аст.

Афроде, ки дорои шахсияти афсурда ҳастанд, дар ишқварзи ба ҳамсар ва дигарон мушкил доранд, зеро худро фарди бекифоят медонанд магар инки худро дармон кунанд.

Набудани шинохт монеъе барои ишқварзӣ

Набудани шинохт монеъи бузурге барои ишқварзи аст. Таъмими ифроти ва беандоза, яке аз ин хатоҳост ба ин маъно, ки фард як иттифоқро ба ҳама мавқеиятҳо таъмим медиҳад, масалан, “ҳамаи мардҳо мисли ҳаманд” ё “ба ҳеҷ зане наметавон эътимод кард”.

Истидлол ба равиши ҳама ё ҳеҷ яке дигар аз хатоҳои шинохти аст. Фард дар ин сурат дорои тафаккури ду қутби аст, масалан мегӯяд, ё “бояд ин духтарро бигирам ё издивоҷ накунам” бинобар ин ин афрод мутлақгаро ҳастанд ва ба муваффақиятҳои кам рози намешаванд яъне камолгарои беморгуна доранд. Ин афрод дар тамоми зиндаги фақат нолаву шиква мекунанд, аз ончи Худованд ба онҳо дода аст ташаккур намекунанд ва рози нестанд, аз ин рӯ дар зиндагӣ заношӯӣ ҳам мушкил хоҳанд дошт, дар сурате ки ҳамсар ва дигарон барои онҳо коре кунанд, кам аст бинобар ин оромише ҳам надоранд.

Бархе афрод ба ҷанбаҳои манфи як мавзӯъ мепардозанд ва баъд мусбати онро раҳо мекунанд, масалан бо дидани як беалоқаги аз ҳамсар мегуянд, ту аслан маро дӯст надори ва алоқа нишон намедиҳи дар ҳоле ки пеш аз ин кулли ба ӯ хуби ва ибрози алоқа шуда аст.

Зуд қазоват кардан

Бузургнамоӣ, зеҳнхони ва зуд дар қазоват кардан аз ҷумлаи омилҳои дигари хатошинохти аст, ки агар дар афрод дида шавад, монеъе барои ишқварзи хоҳад буд ва бояд афрод бо дигарон машварат намояд ва дармон шавад.

Нигоҳи мусбат доштанро аз ҷумла вижагиҳое донист ки ишқ варзиданро осон мекунад. Фарде, ки ба ҳасти ва холиқи он нигоҳи мусбат дорад ва ба лутфҳои Худованд умедвор аст, ба Худованд ишқ меварзад ва ба бандагони ӯ ҳам ишқу муҳаббат нишон медиҳад. Ин афрод дорои шахсияти равони солим ҳастанд, ба худ эҳтиром мегузоранд ва аз лаҳзаҳои зиндаги дар роҳи оромиш ва шукуфоӣ худ истифода мекунанд.

Нигоҳи мусбат доштан, содалавҳона зистан нест. Бояд бархе аз корҳои манфи низ дар зиндаги дида шаванд, аммо набояд нигоҳ кард ва истод балки бояд аз монеъҳо убур кард, фард нигоҳи мусбатандеш илова бар инки боҳуш аст, иҷоза намедиҳад фикрҳои манфи, вақти арзишманди ӯро талаф кунад ва беҳуда гузарад, дар воқеъ онҳо ба чизҳои манфи эътинои зиёде намекунанд.

Касоне, ки ба якдигар ибрози алоқа мекунанд ва эҳсосашон воқеӣ аст, саъй мекунанд якдигарро ба хуби шинохта ва зиндаги худро бо ҳам мутобиқат диҳанд. Онҳо ҳаргиз қасди тағир додани тарафи дигарро надоранд. Ишқи воқеи яъне инки фард мавриди алоқаро ҳар тавре ки ҳаст қабул дошта бошед. Ду нафаре ки иддао мекунанд ҳамдигарро дуст доранд, маъмулан дар барномарезиҳояшон якдигарро дар назар мегиранд ва аз фикри ҳамдигар кумак мегиранд. Онҳо ҳаргиз якрави ва худхоҳ нестанд ва ҳадафҳоро муштарак мебинанд ва салоҳи ҳамдигарро мехоҳанд.

Дар ишқи воқеи ду нафар ба ҳамдигар эҳтиром гузошта ва хостаҳои якдигарро то ҷое ки имкон дорад бароварда месозанд.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст