Шеъри Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ дар васфи ҳазрати Алӣ(к)
То сурату пайванди ҷаҳон буд, Алӣ буд,
То нақши замин буду замон буд, Алӣ буд.
Шоҳе, ки валӣ буду васӣ буд, Алӣ буд,
Султони сахову караму ҷуд Алӣ буд.
Ҳам Одаму ҳам Шайсу хам Аюбу хам Идрис,
Хам Юсуфу хам Юнусу хам Ҳуд, Алӣ буд.
Хам Мусиву хам Исиву хам Хизру хам Илёс,
Хам Солеҳ пайғамбару Довуд, Алӣ буд.
Масҷиди малоик чу шуд одам, зи Алӣ шуд
Одам чу яке қиблаву масҷид, Алӣ буд.
Он кошифи Қуръон, ки Худо дар ҳама Куръон
Кардаш сифати исмату бистуд, Алӣ буд.
Он орифи саҷҷод, ки хоки дараш аз қадр,
Аз кунгураи арш барафзуд, Алӣ буд.
Ҳам аввалу, ҳам охиру, ҳам зохиру ботин
Хам обиду хам маъбаду маъбуд Алӣ буд.
Он шери диловар ки зи баҳри тамаъи нафс,
Бар хони чаҳон панча наёлуд, Алӣ буд.
Он қалъакушой,ки дар аз қалъаи Хайбар
Барканд ба як ҳамлаву бикшуд, Алӣ буд.
Чандон,ки дар офок назар кардаму дидам
Аз руи яқин дар ҳама мавҷуд, Алӣ буд.
Хоруни вилоят зи паси Мусии имрон
Биллоҳ, ки Алӣ буд, Алӣ буд, Алӣ буд.
Ин куфр набошад, сухани куфр на ин аст
То ҳаст Алӣ бошаду то буд, Алӣ буд.
Ин як ду се байте, ки бигуфтам ба муаммо
Ҳаққо ки муроди ману мақсуд Алӣ буд.
Сири ду чаҳон ҷумла зи пайванду зи пинҳон,
Шамсулҳаки Табрез ки бинмуд, Алӣ буд.
 
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст