Иди Қурбон - иди фидокорӣ, аз худ гузаштагӣ, ғалаба бар ҳавои нафс ва таслим дар баробари фармони Худованди бузӯрг аст. Мусалмонони ҷаҳон рӯзи даҳуми зилҳаҷҷаро ба унвони як иди бузӯрг ва пуршукӯҳи исломӣ гиромӣ медоранд ва аз он дарси ихлос, муваффақият ва бандагӣ ба даргоҳи Худованди бузургро меомӯзанд.
  Фаро расидани Иди Саиди Қурбонро ба ҳамаи мусулмонони ҷаҳон ба хусус мардуми мусулмони Тоҷикистон ва ҳамаи тоҷикони ҷаҳон табрик ва таҳният мегӯем.
  Ба ҳамаи шумо саломативу хотирҷамъӣ, тавфиқи бандагӣ, раҳоӣ аз ҳавои нафсу шайтон, осудагиву сарбаландӣ ва дар зиндагиятон хайру баракат ва муваффақиятро орзӯ менамоем.
  Ҳамчунин аз Худои Манон мехоҳем, ки гузаштагони мову шуморо бибахшад ва биёмурзад ва моро ҳам дар имтиҳонҳои зиндагӣ муваффақ ва пирӯз гардонад!
  Боз ҳам иди саъиди Қурбон иди наздикӣ ба Худои Субҳон бар шумо муборак бод!
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст