Поён якест, панҷараи осмон якест
Хуршед байни ин ҳама рангинкамон якест

Мо даст додаем ба ҳам, чашмамон ба авҷ...
Моро ба сӯи раҳмати Ҳақ нардабон якест

Ҳаммаслакем, қоматамон пеши ҳақ дутост
То рӯзи ҳашр, қиблаи имонамон якест

Ҳангоми ҳамкаломии маъшуқ, байни мо
Дар саҷдаву рукӯъу ташаҳҳуд, забон якест

Пиронамон насиҳатамон кардаанду мо
Омӯхтем оқибати достон якест:

Такбиргӯ ба куштани такфир меравем
Сангар якест, душмани ин дудмон якест

Қуръон супурдааст ба мо: «Ло тафаррақу»
Маншури ишқбозии мо дар ҷаҳон якест

Дарё барои мост, натарсем аз масир
Поёни рӯдҳои мудовим равон якест
Ҳасани Исҳоқӣ
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст