کجایی
Табиби қалби беморам, куҷоӣ?
Ҳабиби чашми бедорам, куҷоӣ?
Ғарибӣ эй азизам, дур аз ман
Умеди ин дили зорам, куҷоӣ?
Дуогӯям шабу рӯз то биёӣ
Ба ғайри Ҳақ киро дорам, куҷоӣ?
Вуҷудат гармии кошонаи ман
Ту нуру меҳри бисёрам, куҷоӣ?
Барам бошӣ шавам хушҳол, инак
Фақат гиря шуда корам, куҷоӣ?
Тулуъи субҳи ман ёди ту бошад
Басе муштоқи дидорам, куҷоӣ?
Абдусалом

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст