Моҳи Рамазон омад меҳмони Худо табрик

Тавфиқи Худо бошад ҳар лаҳза туро табрик

Бо бандагияш ин моҳ аз раҳмати Ҳақ ёбӣ

Фирдавси барин ҷоят з-оташ ту ҷудо табрик

 

Рӯҳ хушҳол, ки инак Рамазон хоҳад шуд

Нафси аммора ба шиддат нигарон хоҳад шуд

 

Эй дӯст бишав банда моҳи Рамазон омад

Нурониву тобанда моҳи Рамазон омад

Бо рӯза ба меҳмонӣ бо ояти Қуръонӣ

Аз ҷурму гунаҳ канда моҳи Рамазон омад

 

Ғафлат макунӣ, моҳи Худо меояд,

Меҳмонии Ҳақ баҳри шумо меояд

Бо омаданаш саховату оромиш

Бо хондани Қуръону дуо меояд

Абдусалом

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст