Рафтанат оғози вайронист, ҳарфашро мазан,

Ибтидои як парешонист, ҳарфашро мазан.

Орзу дорӣ, ки дигар барнагардам пеши ту,

Роҳи ман бо ин ки тӯлонист, ҳарфашро мазан.

Дӯст дорӣ бишканӣ қалби парешони маро,

Дил шикастан кори осонест, ҳарфашро мазан.

Хӯрдаи савганд рӯзе аҳди худро бишканӣ,

Ин шикастан номусулмонист, ҳарфашро мазан.

Хостам дунё бифаҳмад «ошиқам» гуфтӣ ба ман,

Ишқи мо як ишқи пинҳонист, ҳарфашро мазан.

Ҳарфи рафтан мезанӣ, вақте ки мӯҳтоҷи туям,

Рафтанат оғози вайронист, ҳарфашро мазан.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст