Бар ҳоли ман эй холиқи якто назаре кун
Аз фарти ғам афтодаам аз по назаре кун
Чун мурғи гирифтор, гирифтори ҳавоям
Дорам ба сӯят чашми таманно назаре кун
Ҳар ҷо ки задам дар накушоданд ба рӯям
Рӯ кардаам эй дӯст ба ин ҷо назаре кун
Ҷуз даргаҳи лутфи ту маро нест паноҳе
Эй аз ту калиди ҳама дарҳо назаре кун
Ман гарчӣ наям лоиқи эҳсону каромат
Эй қодиру ғаффори тавоно назаре кун
Дар хилвату хиҷлат ба хато рӯй намудам
Эй дар ҳама ҷо нозиру пайдо назаре кун
То зоди раҳи ман нигаҳи лутфи ту бошад
Дар ин сафари сахт Худоё назаре кун
Имрӯз “Вафоӣ”-ст малул аз ғами фардо
Бар бандаи худ Ҳайи Таоло назаре кун

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст