Падар лутфи Худо бар одамизод
Падар конуни меҳру ишқу имдод
Падар мушкилкушои хонавода
Падар як қаҳрамони фавқулода
Падар омӯзгори рӯзгор аст
Зи лутфу меҳрубонӣ ёдгор аст
Падар сурх мекунад рӯи худашро
Шавад фарзанди ӯ шодобу зебо
Падар як достони нонавиштаст
Падар ҳамроҳи модар дар биҳишт аст
Хушо онон падар дар хона доранд
Чунин як гавҳари якдона доранд.
Худоё, лутф кун то қадр донам
Аз ӯ додӣ ба ман ному нишонам

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст