Яке сокин ба қасру дигареро дар ба дар дидам
Ғарибонро басе дармонда ҳангоми сафар дидам
Басе модар чу фарзандаш хазони умри худро дид
Задам фарёд даме тобут бар души падар дидам
Агар мискин намуд зорӣ шикоят аз гирифторӣ
Нашуд ёвар касе ӯро ҳаёташ дар хатар дидам
Чаро аз ғайр нолонем, ки худ олудадомонем
Барои ошно ҷони басеро чун сипар дидам
Ба гоҳи дидани мардум басе аз ёрии маҳрум
Сухан гуфтем, аммо дар амал чизи дигар дидам
Куҷо ахлоқу арзишҳо, чӣ шуд бар ақлу бинишҳо
Мелоки дуру наздикро кунун дар симу зар дидам
Абдусалом

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст