Эй Худо абди сияҳрӯву хатокор манам
Он ки бар ҷумру гунаҳ мекунад иқрор манам
Он табибе, ки шифобахши дили мост туӣ
Он ки аз дарди гуноҳон шуда бемор манам
Бар сари хони ту хубон ҳама ҷамъанд, вале
Бандаи бад, ки пур аз ҷурму гунаҳкор манам
Ҷони хубони дари хеш азобам накунӣ
Гарчи бар оташи нори ту сазовор манам
Гар ки пурсад карамат кист, ки дар мекубад
Гӯям олудатарин бандаи додор манам
Он ки умраш ҳама осон ба табоҳӣ бигузашт
В-он ки кораш шуда дар пеши ту душвор манам
Ҳотифе гуфт: Чӣ касе муштарии афви Худост
Мани хиҷлатзада гуфтам, ки харидор манам

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст