Ё Раб зи каромоти ту шарманда шудам ман
Дар маҳзари ту озу сарафканда шудам ман
Ҳарчанд ки шарм аз гунаҳи хеш накардам
Бо ашки надомат зи ту шарманда шудам ман
Туфони гунаҳ рехт ҳама баргу барамро
Чун боғи хазондида пароканда шудам ман
Дардам ҳама ин аст, ки ғофил шудам аз ту
Ва-з ин ҳама ғафлат зи ту, дармонда шудам ман
Эй он ки ба ғайр аз ту маро нест паноҳе
Бар даргаҳи ту боз паноҳанда шудам ман
Ҳаргоҳ ки дилмурда ба ту рӯй намудам
Бо накҳате аз раҳмати ту зинда шудам ман
То афви ту борони муҳаббат ба сарам рехт
Осуда дил аз оташи сузонда шудам ман
К-ӯ он дили поке, ки саҳаргоҳ “Вафоӣ”
Фарёд барорад, ки Худо банда шудам ман

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст