Хуршеди мо дорои вазну ҳаҷме муайян аст, ки донишмандон, андозаи ҳар кадомро таъйин кардаанд, балки миқдори ҳарорати сатҳи хориҷии Хуршедро низ медонанд. Рӯзона 350 ҳазор милион тона аз вазни Хуршед кам мешавад, яъне ба ҳарорат (гармо) ва энержӣ табдил шуда ва ба фазо пахш мешавад.

Дар ҳар сол 37 милиону 750 ҳазор милион тона аз вазни Хуршед кам мешавад ва ба ҳамон нисбат аз ҳаҷми он низ кам мегардад.

Агар умри зиндагии заминро даҳ ҳазор сол бидонем, бояд чор нол дар канори адади боло бигузорем то бифаҳмем, ки дар ин муддат, чиқадар аз вазни Хуршед кам шуда ва ба ҳамон нисбат аз ҳаҷми вай кам шуда аст. Агар умри заминро сад ҳазор сол бидонем, бояд панҷ нол дар самти рости адади боло қарор диҳем то ба миқдори кам шудани вазни Хуршед дар ин муддат бирасем.

Ҳаҷми Хуршед, ки кам мешавад, неруи ҷозибаи он низ кам мешавад, чун бар тибқи қонуни Нютон, ҷисми бузург аз ҷисми майда, ҷозибааш, бештар аст.

Замини мо дар муҳити ҷозибаи Хуршед қарор дорад. Неруи ҷозибаи Хуршед аст, ки заминро дар як буъди муайяне аз Хуршед нигаҳ дошта аст вагарна замин фарор мекард.

Гардиши интиқолии замин, бар асари таодуле аст, ки миёни ду неруи ҷозибаи Хуршед ва дофеъаи замин барқарор шуда ва пайдоиши фаслҳои чоргонаи сол, бар асари он аст.

Неруи ҷозибаи Хуршед, ки коҳиш ёбад, бояд мадори замин ба даври Хуршед тағир кунад ваё онки замин аз муҳити ҷозибаи Хуршед, хориҷ шавад, зеро неруи дофеаи замин, ба ҳамон ҳол боқӣ аст, пас таодули ду неру ай байн меравад ва фосила бештар мешавад, ё ҳадди ақал мадори замин, ба гирди Хуршед, тулонитар гашта ва фаслҳои чоргонаи сол, дарозтар шуда ва ҳавои замин, хунуктар гардад, вале мебинем чунин тағироте, сурат нагирифта аст: Сол тулонитар нашуда, фаслҳои чоргона дарозтар нашуд ва ҳавои замин, сардтар нагашта аст, дар сурате ки ҷозибаи Хуршед камтар шуда аст. Чаро, чаро, чаро?

Ин худ муъҷизае аст. Донишмандон, бояд ҷавоби ин саволро бидиҳанд ва ин рози бузурги офаринишро кашф кунанд. Ин рози бузурги офариниш, нишон медиҳад, ки дониши бузург, дорои қудрати бузург, падидоваранди ин ду ситора аст.

Ӯст, ки таъминкунандаи ҳаёт, бар рӯи замин аст.

Ӯст, ки нигаҳбони замин аст то заминиён битавонанад зисту зиндагӣ  кунанд.

Ӯст, ки коҳишҳои Хуршедро медониста ва ҷуброни онҳоро дар назар гирифта аст, то замин ба ҳамон вазъ ва буъди ҳазорон сол пеш бимонад, дар сурате, ки Хуршед, вазъи ҳазорон сол пешро дорад.

Оё дар худ фикр кардаед, ки рӯзе Хуршед берун наёмада бошад ваё дертар аз вақти маъмули худ берун баромада бошад?

Агар интавр мешуд чӣ балое бар сари замин меомад??

Инҳо ҳама аз қудрати бениҳояти Худованд сарчашма мегирад ва ӯст ки нигаҳдорандаи ситораҳо ва мавҷудоти зиндаи дар рӯи замин аст.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст