Аз гузашта то кунун аз асал дар дармони бисёре аз бемориҳо истифода шудааст. Муҳимтарин хосияти асал, зидди микроб будани он аст. Дар ҳоле, ки асал як моддаи комилан хурокӣ аст ва бояд муҳити хубе барои парвариши микробҳо бошад валекин микробҳо дар маърази асал нобуд шуда ва ҷасадҳои онҳо низ ба гузашти замон аз байн меравад. Зеро асал ҳовии анти-биютик ва ... аст. Дар гузашта аз ин хосияти асал барои аз байн бурдани пинаҳои дасту по суд меҷустанд.

Асал дар бардорандаи Анти-аксидон аст, аз инру масрафи он барои саломати қалбу уруқ муфид аст. Асал ба саломати пӯст кумак мекунад ва зидди пирӣ аст.

Дар қадим ҳар доруеро бо асал махлут мекарданд, зеро хосияти беҳбудбахшии доруҳоро чанд баробар мекарда ва имрӯза ҳам аз асал дар бисёре аз маҳсулоти ороишӣ ва беҳдоштӣ истифода мекунанд.

Аз асал дар фаровардаҳои зидди сурфа батаври мустақим ва ғайри мустақим истифода мешавад. Маз-маза ва ғар-ғараи шарбати асал барои бартараф кардани захмҳои даҳон ва варами гулу бисёр судманд аст. Асал зидди бемории осм аст.

Асал бо инки бисёр ширин аст, барои дандонҳо ва ласа зарарнок набуда балки ласаҳоро солим месозад ва дандонҳоро сафед мекунад.

Дасттгоҳи гуворишро пок месозад ва зидди шикамдард аст. Дар таҳқиқот асари бисёр муфид барои бартараф кардани уфунатҳои меъда собит шуда аст. Аз инру зиди захми меъда ва дастгоҳи гувориш аст.

Асал бодшикан аст ва барои муолиҷаи қуланҷи руда ҷиҳати масраф ироа мешавад ва дар масумиятҳои ғизои, дастгоҳи гуворишро пок месозад.

Дӯсти ҷигар ва подзаҳр аст, пас дар бемориҳои ҷигари масрафи он муфид аст.

Сангҳои гурда ва масонаро аз байн мебарад. Барои ин манзури асалро бо кундаи бояд масраф намуд.

Асал хобовар аст ва ба мубталоён ба бемории камхоби тавсия мешавад, ки қабл аз хоб ба андозаи чанд қошуқи мурабохӯри асал масраф кунанд.

Барои бартараф кардани камиштиҳоӣ муфид буда ва батаври комил ҷараёни хунро дар бадан беҳбуд мебахшад. Аз инру ба рушди азулот кумак мекунад, пас барои баччаҳои камиштиҳо ва варзишгарон бисёр муфид аст.

Асал гирифтагии муйрагҳоро боз карда ва барои уруқ бисёр муфид аст. Пас солимандон агар ҳар рӯз шарбати асал ва лимони тоза бинушанд, умри тулонитаре хоҳанд дошт.

Ҳатто муми асал низ хавоси зиёде дорад ва моски он барои сурат, чину чурук ва фурурафтагиҳои пӯстро мепушонад ва пӯстро латиф мекунад.

Гарчи асал хосиятҳои зиёде дорад вале дар бархе аз маворид зараровар аст. Ба ҳамин далел масрафи он барои кудакони зери як сол манъ аст. Ҳамчунин баъзе афрод мумкин аст нисбат ба донаҳои гирдаи мавҷуд дар асал ҳасосият дошта бошанд.

Мумкин аст баъзе аз занбурҳо ба гули харзаҳра ва чанд гули саммии дигар одат карда бошанд, ки маҳсули самми таҳия намоянд, албатта ин кор ба нудрат пеш меояд.

Ба ҳар ҳол аз масрафи ин моддаи бисёр муфид ғофил нашавед ва аз фоидаҳои зиёди он суд бибаред.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст