islam22Омӯзиши Ислом дар мактабҳои Финландия ҳатмӣ шудааст. Ислом дар барномаи таълимии мактабҳои ин давлат ворид карда мешавад, дар сурате, ки зиёда аз се толибилм хоҳиши омӯзиши ин фанро ба ҷои фанҳои «Дини лютеранӣ» ва «Этикаи дунявӣ» дошта бошанд.
Барномаи омӯзиши Ислом чун дигар фанҳо ба се қисмат: «Муносибат ба дини худ», «Гуногунии динҳо дар ҷаҳон» ва «Принсипҳои хуби ҳаёт» ҷудо карда шудааст.
Ҷомеаи Финландия ин хабарро ба таври мусбат қабул намудаанд. Ҷомеашиносон бар он ақидаанд, ки бо омӯзиши чунин фан кӯдакон метавонанд аз дини худ хубтар бархурдор шаванд ва омӯзиши Ислом дар оянда садди роҳи гумроҳии сокинон ва гаравидан ба гуруҳҳои тундрав гардад. Ҳамзамон, гуфта мешавад, ки фанни мазкур дар барномаҳои таълимии мактабӣ нақши мусбат бозида, эҳтиром ба ин динро боз ҳам баланд мебардорад.    
Сомонаи ФАРАЖ

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст