Пулиси Москва дар ҳоли анҷоми таҳқиқот бар рӯи як филме ҳастанд, ки теъдоде аз тамошогарони футбол дар ҳоли сӯзондани Қуръон ва ҳамла ба мусулмонон гирифта шудааст.

Ба нақл аз хабаргузории “Ria Novosti”  ин филми тасвирӣ, ки чанд рӯзи пеш дар “Youtub” пахш шуд гурӯҳе аз ҷавононро нишон медиҳад, ки ба баҳонаи ҳамлаи терористӣ дар шаҳри “Волгоград”-и Русия иқдом ба оташ задани нусхае аз Қуръони Карим ба забони русӣ ҳастанд.

Дар ин филм ба далели торикии ҳаво, шакли ҳаттокон ба соҳати муқаддаси Қуръон маълум нест, аммо либосҳои онон нишон медиҳад, ки ҳамаи онҳо аз тарафдорони тими футболи ЦСКА-и Москва ҳастанд.

Дар поёни ин филм марде бо зоҳири Осиёи марказӣ бо осори кабудӣ дар чеҳра ба назди дурбин оварда мешавад, ки аз сӯи ин афрод маҷбур мешавад, мураттаб такрор кунад, ки “Ман Худоро инкор карда ва қабул надорам”

Сухангӯи пулиси Москва дар гуфтугӯ бо хабаргузории “Ria Novosti”-и Руси гуфт, ки як тими таҳқиқотӣ ҷиноӣ барои шиносоӣ ва дастгирии омилони ин филм, ташкил шуда, аммо нагуфт, ки чи оқибате дар интизори ин афрод аст.

Миллигароёни ифротии Русия пайваста ба далели иқдомоти ифротгароёна ва хушунатомез бар зидди пайравони адён дастгир мешаванд ва маъмулан муҷозотҳое байни 4-5 сол ҳабс барои онон дар назар гирифта мешавад.

Ин филми тасвирӣ ба номи “Олег Макаров” пахш шудааст. Саҳфаи Facebook-и ин шахс нишон медиҳад, ки вай шаҳрванди Москва аст ва бо веблоге ба номи “Wordpress”, ки як веблоги мунтақиди давлати Русия ва мусулмонон аст дар иртибот мебошад.

Дар ин филми тасвирӣ ба сурати зернавис сӯзондани Қуръон посухе ба ҳамалоти терористии ахир дар шарҳри “Волгоград” унвон мешавад.

Шаҳри “Волгоград”-и Русия ба тозагӣ дар ду рӯз, ҳадафи ду амалиёти интиҳорӣ қарор гирифт, ки дар пайи он 40 нафар кушта шуданд.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст