Ба гузориши манобеи хабарии маҳаллӣ, Марҳабо Олимӣ, муовини раиси Кумитаи умури занон ва хонаводаи Тоҷикистон дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт: “Ҳадафи аслии мо тарғиби занон ба пӯшидани либоси миллӣ аст”. Ба иддаои Олимӣ, ин кумита ҳамзамон аз пӯшишҳои нимабараҳнаи бархе занону духтарон низ ҷилавгирӣ мекунад, ки хилофи дин, фарҳанг ва урфу одоби миллии тоҷикон аст.
Дар ҳоле ки дар рӯзҳои ахир ахбори зиёде дар бораи ба роҳ афтодани маъракаи зидди ҳиҷоб дар Тоҷикистон мунташир шудааст, мақомоти Кумитаи занони Тоҷикистон имрӯз эълом карданд, онҳо алайҳи ҳиҷоб мубориза намекунанд.
Дар ҳафтаҳои ахир расонаҳои гурӯҳии Тоҷикистон аз гашти кормандони Кумитаи умури занон ва хонаводаи Тоҷикистон дар бозору хиёбонҳои Душанбе бо унвони таблиғ барои пӯшиши миллӣ ва ҷилавгирӣ аз густариши фарҳанги бегона хабар доданд, ки ин иқдом бо вокунишҳои фаровоне мувоҷеҳ шудааст.
Садои Хуросон

Миллати мусулмони тоҷик нишон додааст, ки он чӣ барояш мондагор аст ва арзиш дорад, ки бо дин ва боварҳои осмонияш мувофиқ бошад ва ҷилваҳо ва тағироти хилофи он муваққатӣ ва нопойдор аст.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст