Саидмукаррам Абдулқодирзода рӯзи 12 июл дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар посух ба саволе, ки "Оё пӯшидани ҳиҷоб дар кишвар мамнӯъ мешавад", гуфт: “Миллати тоҷик зиёда аз 1400 сол пайравӣ аз Ислом дорад ва тайи ин муддат либосҳои миллӣ ба бар дошт ва то ба ҳол риоя мекарданд. Ҳамчуноне ки риоя мекарданд, ҳамон хел либоси миллиро бо меъёрҳои шариат мепӯшанд”.
Абдулқодирзода дар идома афзуд: “Аз қадим дар мо либоси сиёҳ напӯшидаанд ва дар назари мардум низ қабеҳ аст. Модом ки қабеҳ аст, бигузор напӯшанд. Дар шариати Ислом ҳам таъкид нашудааст, ки занҳо либоси сиёҳ пӯшанд”.
Муддате аст боз ба баҳонаи мубориза бо намодҳои бегона ба заноне, ки сатри комил мепӯшанд фишор меоранд ва мегӯянд бояд либоси миллӣ бипӯшед. Чандин коргуруҳ барои иҷро кардани ин масъала дар вилояти Суғд корро шурӯъ карданд.
Бознависӣ аз «Озодагон»

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст