tj vf jopШариф Саид, Раиси утоқи бозаргонӣ ва саноеъи Тоҷикистон ва намояндагони Анҷумани дӯстиву ҳамкориҳои фарҳангӣ-иқтисодии Тоҷикистон ва Ҷопон дар мулоқоте дар Душанбе, бар аҳамияти густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои ларзашиносӣ, заминшиносӣ, обшиносӣ, нерӯи барқ ва фанновариҳои иттилоотӣ таъкид карданд.
Ба гузориши равобити умумии утоқи бозаргонӣ ва саноеъи Тоҷикистон, Шариф Саид дар ин дидор гузорише аз раванди иҷрои тарҳҳои муҳими иқтисодӣ ва барномаҳои давлати Тоҷикистон дар заминаи тавсеъаи бахшҳои энержӣ, саноеъи кимиёӣ, истихроҷи конҳо, таробарӣ, роҳсозӣ, кишоварзӣ, дорусозӣ ва бунёди ширкатҳои муштарак бар пояи манобеи табии Тоҷикистон ва сармояи хориҷӣ ироа кард. "Тоҷикистон хоҳони густариши ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодӣ, илмиву фарҳангӣ ва фаннӣ бо Ҷопон ва омӯхтани таҷрубаи ғании ин кишвар ва роҳандозии равобити созанда миёни ду миллат аст. Ба гуфтаи Шариф Саид, Бунгоҳҳои иқтисодии Тоҷикистон хостори рушду тавсеъаи ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Ҷопон ҳастанд".
Дар ин мулоқот тарафи тоҷикӣ пешниҳод кард, Ҷопон намоишгоҳи колоҳои санъатии худро дар Душанбе баргузор кунад. Ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҷопон феълан дар як тарҳи парвариши гиёҳи ширинбаён дар вилояти Хатлон хулоса мешаванд, вале қарор аст, ки ин тарҳ бо сармоягузории Бунгоҳи тавсеъаи байналмилалии Ҷопон (JICA) густариш дода шавад.
Радиои тоҷикӣ

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст