Имрӯз Маҷлиси намояндагон бидуни баҳси зиёд лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ»-ро тасвиб кард. Ин тағийроту иловаҳо ба идораву ниҳодҳои давлатӣ имкон медиҳад, ки аз болои даромад, хароҷот ва фаъолияти молии ҳизбҳо назоратро пурзӯр кунанд ва дар сурати пайдо кардани нақзи қонун онҳоро ба додгоҳ кашанд. Вазири адлияи Тоҷикистон ҳангоми муаррифии ин лоиҳа дар парлумон гуфтааст, ҳадафи пешниҳоди тағйироту иловаҳо ба Қонун «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» танҳо таҳти назорат қарор додани фаъолиятҳои молиявии онҳост. Ва тибқи ин тағйирот аҳзоби сиёсии кишвар минбаъд ӯҳда доранд, манбаъҳои даромадашонро нишон диҳанд.
Ин гуфтаи вазир дар зоҳир хеле зебову равон аст, ҳамин гуна ҳам бояд бошад, ки ҳизбҳои сиёсӣ фаъолияти молиявии худро бояд шаффоф роҳандозӣ намоянд. Аз манобеъ ва сарчашмаҳое, ки қонунгузории манъ кардааст, набояд барои таҳаққуқи барномаи ҳизбӣ истифода намуд, ҳатто агар ҳизби ҳоким ҳам бошанд. Аммо то куҷо ин меъёрҳоро иҷрошавандаанд, суолест, ки то имрӯз сарбаста боқӣ мондааст.
Ба гуфтаи бисёриҳо ҲХДТ, ки вакилони парлумон, раисону шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳои кишвар мансубият ба он доранд, аз мансаб ва масъулияти худ суиистифода бурда, дар баробари фаъолияти иҷроӣ корҳои ҳизбиро дар авлавият мегузоранд. Барои мисол, ҷой гирифтани қароргоҳи ҲХДТ дар маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат» ва истифодаи мошинҳои хидматӣ бо рақамҳои давлатӣ суиистифодаи ошкор аз мансабу мақому ҷойгоҳ мебошад. Чунин муносибат дар бахшу шуъбаҳои ҲХДТ дар шаҳру навоҳии кишвар низ ба чашм мерасанд. Аксари идораҳои кории ҲХДТ дар иншоотҳои давлатӣ бидуни пардохти иҷора ҷой гирифта, ҳатто баъзе аз ташкилотҳояшон дар ҷойҳое ташкил шудаанд, ки бо қонунгузорӣ мухолифат дорад. Ба унвони мисол, созмон додани ташкилотҳои ибтидоиро дар макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ, бунгоҳ ва дармонгоҳҳои тиббӣ ва инчунин дигар иншоотҳои давлатӣ манъ мекунанд, аммо ҲХДТ дар аксари онҳо утоқи корӣ ва ташкилотҳои ибтидоӣ дорад.
Саволи Ш. Шабдолов, раиси Ҳизби комунисти Тоҷикистон хеле ба маврид аст, вақте мегӯяд, то имрӯз касе намедонад, ки ин қадар дафтарҳои сершумори ҲХДТ, воситаҳои нақлиёт ва пардохти музди меҳнати аъзои ҲХДТ аз куҷо сарчашма мегиранд ва маблағгузорӣ мешаванд.
Дар ҳамин ҳол, бархе аз таҳлилгарон барои намоиш додани бисёрҳизбӣ дар кишвар чаҳор ҳизб, Ҳизби аграрӣ, Ҳизби ислоҳоти-иқтисодӣ, Ҳизби сотсиалистӣ ва ахиран Ҳизби демократиро сохтаи худи мақомоти давлатӣ медонанд. Дастгирӣ ёфтани ин ҳизбҳо дар маҳалҳо аз тарафи мақомот бо вуҷуди маълум набудани дафтару аъзову ҷонибдоронашон дар минтақаҳои гуногуни кишвар ин овозаҳоро то ҷое тасдиқ мекунад. Гуфтанист, ки аз мавқеъгириҳои ошкори ин аҳзоб ва ширкати онҳо дар ду интихоботи ахир, интихоботи президентӣ ва парлумонӣ собит мешавад, ки онҳо вобастагии ҷиддие дар назди мақомот дошта, аз хатти кашидаи онҳо ҳаққи берун по ниҳоданро дар ихтиёр надоранд ва ҳар он чӣ барояшон талқин мешаванд, ҳамонро такрор мекунанд.
nahzat.tj

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст