Афзоиши худкушӣ дар Тоҷикистон мояи нигаронӣ шуда, коршиносон мегӯянд, тоҷикон дар содир кардани амали худкушӣ “рекорд” мегузоранд.

Мурури иҷмолии харбарҳои нашршуда дар як моҳи ахир нишон медиҳад, ки худкушӣ дар байни аҳолии Тоҷикистон ва он ҳам бештар дар шимоли кишвар рӯ ба афзоиш аст. Барои рушан шудани ин иддао чанд хабари нашршуда дар робита ба худкуширо мисол меоварем. Ба гузориши “Озодагон” рӯзи 25 феврал дар вилояти Суғд ду ҳолати худкушӣ ба қайд гирифта шудааст. Ин ду нафаре, ки даст ба худкушӣ задаанд, яке марди 65 сола ва дигари зани 44 солаанд. Инчунин 27 март дар шаҳри Панҷекенти вилояти Суғд як марди соҳиби 3 фарзанд худкушӣ кардааст. Дар рӯзи 8 март ду мард дар вилояти Сӯғд даст ба худкушӣ задаанд, ки ҳар ду бекор будаанд.

Интишори ин хабарҳо дар расонаҳо дидгоҳеро дар байни фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ривоҷ додааст, ки шояд ин ҳама худкушиҳо ба иллати мушкилоти иҷтимоӣ ва вазъи пасти зиндагӣ сурат бигирад. Зеро, ба гуфтаи онон аксари онҳое, ки даст ба худкушӣ мезананд сатҳи миёнаи иҷтимоӣ доранд. Аммо гурӯҳи дигар бар ин нукта таъкид мекунанд, ки иллати мушкилоти иҷтимоӣ дар худкушии тоҷикон омили аслӣ буда наметавонад. Ин гурӯҳ бар иловаи сабабҳои иҷтимоӣ, ваъзияти руҳии одамонро низ сабаби аслии худкушӣ ҳисоб мекунанд. Саъдӣ Маҳдӣ, устоди донишгоҳ худкуширо иллати руҳӣ маънидод карда мегӯяд: “Дар кадом филми ҳиндї дида будам, ки ҳиндуҳо худро месӯзонанд, то пок шаванд. Албатта тафаккури ҳиндуӣ низ дар психологияи насли солҳои 50-90 чуќур решада вондааст. Акнун наслҳо иваз мешаванд ва агар имрӯз мардум бештар филмҳои голивуду туркӣ тамошо мекунад, натиҷааш ҳамоно дар ҳаёти ҳаррӯза буруз кардан дорад. Агар худкуширо мушкили иҷтимоӣ бигӯем, ин комилан дуруст нест, зеро шахси оҷиз руҳан оҷиз мешавад ва сабаби асосиаш ҳамон мушкили психологист”.

Ҳамчунин, Саъдӣ Маҳдӣ таъкид мекунад, ки дур будани мардум аз таълимоти исломӣ низ яке аз авомили афзоиши худкушист.

Дар байни коршиносон афроде ҳам ҳастанд, ки муътақиданд худкушӣ иллати аслиаш ноумедист ва ин ноумеди сабабҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дорад. Абдуманнон Шералиев, фаъоли ҷамеаи шаҳрвандӣ бо тазаккури ин нукта, тавзеҳ медиҳад, ки иллати худкушӣ ноумедист. Ба бовари ӯ нафаре, ки даст ба худкушӣ мезанад, барои ҳалли мушкилоти иқтисодиву иҷтимоияш роҳи ҳалле пайдо намекунад ва ноумедӣ аз оянда онҳоро ба худкушӣ савқ медиҳад: “Бояд бубинем, ки иллати худи ноумедӣ чист. Ноумедӣ аз надоштани ихлосу бовари комил ба мушкилкушои асосӣ – Худованд сар мезанад, дигар ҳеч”.

Аммоинкоршиносмеафзояд, кииллатиасосиихудкушӣаздигарчашмаобмехӯрад: “Оморҳамнишонмедиҳад, кибештаринихудкушиҳодаркишварҳоесармезанад, киғайримазҳабитаранд, агарчиасланмушкилииқтисодӣнадорандмасаланШветсария. Чун намедонад, ё бовар надорад, ҳама тақдир – чӣ нек, чӣ бад, аз тарафи Худост, мушкилот бо рӯ овардан ба Ӯ бо беҳтарин роҳ ҳал мешавад, мушкилот агарчи мусибатанд аҷре дар пай доранд, поёни ҳар душворие осонист (Сураи Шарҳ, ояҳои 5-6), набояд аз раҳмати Худо ноумед шуд (сураи Зумар ояи 53) ва ғайра”- таъкид мекунад Абдуманнон Шералиев. Дар идома ин фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ мегӯяд барои аз байн бурдани худкушӣ боястӣ илати аслии он, ки нашинохтани Худову динаш аст, аз байн бурда шавад: “Пас бояд ъуламои воқеъиро ба майдон баргардонд, дари масоҷиду мадорисро барои ҳама боз кард. Дигар роҳе барои кам кардану пешгирии ин мушкил вуҷуд надорад. Чуноне ки дар боло гуфтем, омор ҳам хаминро нишон медиҳад ва агар роҳи дигаре вуҷуд медошт, онро дар Шветсария пеш мегирифтанд”.

Худкушӣ дар байни ҷавондухтарон ҳам дар авҷ аст. Баъзе далоиле, ки дар расонаҳо мунташир шуд, гувоҳ бар ин аст, ки дар худкушии духтарон бархе омилҳои дигар сабаб аст. Худкушии ду толибаи мактаби миёна, ки дар расонаҳо пўшиши хабарӣ ёфт, бар ин далел шуда метавонад. Ҳарчанд то ҳол иллати худкушии ин ду толиба аз суйи мақомот эълон нашудааст, аммо гумонзаниҳое вуҷуд дорад, ки ин ду толиба ба бархе сабабҳои маълум худкушӣ кардаанд. Ризо Баҳромзод, ҷавони тоҷик мегӯяд худкушии ҷавонон бештар ба он рабт мегирад, ки онҳо дар ҳалли проблемаҳои зиндагиашон оҷиз мемонанд. Ба бовари ин ҳамсуҳбати мо, қонеъ нашудани онҳо аз шароити моддиву маънавӣ онҳоро навмед мекунад. Ризо Баҳромзод мегӯяд: “Сабаби асосии худкушии ҷавонон ин ҳал карда натавонистани проблемаҳои худ ва қонеъ нашудани талаботҳои моддиву маънавӣ мебошад, ки онҳоро ба ноумедиву ночорӣ бурдааст ва ба ҷуз марг роҳи дигари халосӣ аз ин вазъиятро намедонанд. Проблемаҳои асосие, ки ҷавонони тоҷикро ба ин кор маҷбур месозад, ин забон ёфта натавонистан ва ё муноқиша бо аҳли хонавода ва шахсони наздик, таҳқир шудан аз тарафи дигарон, ҳисси танҳоӣ ва ё мавқеъ пайдо кардан натавонистан дар байни дигарон, бекорӣ ва ғайра мебошад”.

Ин ҷавони тоҷик дар идома таъкид мекунад, ки барои пешгирии ин падидаи шум боястӣ корҳои машваратӣ дар байни ҷавонон бештар шавад ва равоншиносон дар робита ба ин мушкилот кор кунанд.

Мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ як омил аст, вале масълаи дигар, ки ба руҳияи фардии инсонҳо рабт дорад, омили дигарест, ки худкуширо дар ҷомеа афзоиш додааст. Равоншиносон худкуширо як мушкили равонӣ мехонанд ва мегӯянд инсон дар ҳолатҳои аҷзу нотавонӣ даст ба худкушӣ мезанад. Ба бовари онон, вақте руҳияи муқовиматпазирии инсон шикаста мешавад, дигар инсон руҳан конролашро аз даст медиҳад. Бо ин вуҷуд, ки коршиносон худкуширо мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ тавҷеҳ медиҳанд, вале гурӯҳи дигар, аз ҷумла Ситора Юсупова иллати худкуширо дар бепарвоии оила низ рабт медиҳад. Ин бону тоҷик таъкид мекунад, “шароити зисту зиндагонӣ, муносибати атрофиён, тарбия, муносибати оила ва дастгирии хонавода пеш аз ҳама метавонад руҳияи ҳар як ноболиѓу болиғро шиканад. Аз ин рӯ, бояд дар оила ва хонавода нисбат ба одамони аз ҷиҳати руҳӣ осебпазир нарм бархурд кард. Баъзан, муомилаи дурушт ва таҳқиромези атрофиён метавонад боъиси ноумедии ин гуна ашхос шавад. Ба назари ман имрӯз кудакону наврасони тоҷик аз меҳрубонӣ маҳрум мондаанд. То ба ин ҳол расидан инсон аз чандин ќадамҳо мегузарад, дар қадами охирин наҷоти худро шахс дар ҳамин роҳ мебинад. То ин дам волидайн ва атрофиёни шахс метавонанд бо осони пай баранд, ки бо фарзандашон чи гапе ҳаст, аммо аҳамият намедиҳанд, бепарвоии оила ба ин ҳол оварда мерасонад”.

Бо ин ҳол, ҳанӯз тақиқоти ҷомеъ дар хусуси авомили худкушии мардум дар Тоҷикистон аз сӯйи ҳеч ниҳод ё ташкилот ироа нашудааст.

Сипеҳри Каломатуллоҳ

Ба нақл аз Ozodagon

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст