Шурои уламои Тоҷикистон 28 июнро аввали моҳи мубораки Рамазон эълом карданд.

Саидмукаррами Абдулқодирзода раиси маркази исломи ва шурои уламои Тоҷикистон имрӯз пеш аз қиротаи хутбаи намози ҷумъа дар масҷиди марказии Душанбе, гуфт: Рӯзи 28 июн рӯзи аввали моҳи Рамазон дар Тоҷикистон аст.

Вай дар идома афзуд: Ин тасмим бар асоси таҳқиқоти анҷом шуда тавассути расадхонаи маркази нуҷум, академияи улум ва дар пайи иҷмои руҳониёни саршиноси гирифта шуда аст.

Ба гуфтаи вай, аъзои шурои исломи ҳамчунин замони баргузории намози таровеҳ, мизони фитрияро низ эълом карданд.

Форс

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст