Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як муддариси илми динӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ хабар дод.

Бино ба иттилои Дафтари матбуотии ВКД, 10-уми июни соли равон аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки шаҳрванд Абдулҳодии Атохоҷа истиқоматкунандаи ноҳияи Рудакӣ, бе иҷозатнома муддати тӯлонӣ ба тадриси илми динӣ машғул шудаааст.

Манбаъ мегӯяд, Абдулҳодӣ дар хонаи истиқоматиаш ноболиғон: Г.Х. 15-сола, сокини шаҳри Роғун, М.Ш. 7-сола, С.О. 7-сола, истиқоматкунандагони ноҳияи Рудакӣ, Н.Ҳ. 10-сола, сокини ш. Ваҳдат, Б.М. 12-сола ва Ш.Б. 7-сола, истиқоматкунандагони шаҳри Душанберо ҷамъ намуда, ба омӯзондани таълимоти диннӣ машғул шудааст.

Нисбати далели мазкур тафтишот идома дорад.

Боздошти Абдулҳодии Атохоҷа бо гумони таълими динии бидуни иҷозаи расмӣ дар Тоҷикистон бори аввал нест.

Қаблан Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳисор ду маконеро ифшо карда буд, ки дар он ҷо кӯдакон дар шароити ғайрисанитарӣ таълимоти динӣ мегирифтанд. Гуфта мешавад, яке аз кӯдакон қаблан рабуда шуда, мақомоти корҳои дохилӣ макони нигоҳдории ноболиғро аз нишондоди гумонбар муайян кардаанд.

Мувофиқи Қонун дар бораи "озодии виҷдон" таълими динӣ бидуни литсензия ё иҷозатномаи Кумитаи дини Тоҷикистон манъ аст.

Дар асоси ин қонун ҳар нафаре, ки мехоҳад таълими динӣ диҳад, аз Кумитаи дин бояд иҷозатнома дарёфт кунад.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст