Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон аз фаъолияти литсейҳои туркӣ-тоҷикӣ дар кишвар изҳори нигаронӣ карда, ба ҳукумат марҳила ба марҳила бастани онҳоро маслиҳат додааст.

Абдураҳмон ҚУРБОНОВ, сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегӣ мегӯяд, - То ба имрӯз зиёда аз 3 ҳазору 531 нафар ин литсейҳоро хатм кардааст, соли гузашта 2 ҳазору 577 хонанда ба таълим фаро гирифта шудааст. Зеҳнҳои беҳтарини ҷомеаро онҳо мегиранд. Ягон хатмкунандаи ин литсейҳо роҳи илмро интихоб накардааст ва ба аспирантура дохил нашудааст. Онҳо зери тарбияи бегона монда, ҳисси бегонапарастӣ дар онҳо зиёд мешавад.

Бино ба маълумоти МТС, ин масъала дар Шӯрои амният баррасӣ шудааст. Дар ин машварат иттилоъ дода шудааст, аз хатмкунандагони литсейҳои туркӣ-тоҷикӣ ҳамагӣ 2-3 нафар ба аспирантура дохил шудаанд, ки дар ин кор саҳми хонаводаҳояшон назаррастар будааст. Ин дар ҳолест, ки ба иттилои ин марказ, даромади солонаи литсейҳои туркӣ дар Тоҷикистон 2,5 миллион долларро ташкил медиҳад.

Абдураҳмон Қурбонов мегӯяд: "Қишри асосӣ, ҷавононе, ки дар оянда ташаккули зеҳни миллат ба онҳо вобаста аст, дар ҳаёти илмии Тоҷикистон нақше надоранд. Ба роҳи илм намераванд. Аз ин рӯ озод кардани ҷавонони тоҷик аз зери таъсири идеологияи беруна бояд  дар муҳлати наздиктарин бо таъсис додани литсейҳои давлатӣ ва марҳила ба марҳила қатъ кардани фаъолияти онҳоро сурат бигирад.

Дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯянд, нигаронии муттахассисони МТС асоси воқеӣ надорад.

Абдусаттор НАҶМИДДИНОВ, намояндаи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон зимни баррасии ин масъала гуфт: "то имрӯз литсейҳои тоҷикӣ-туркӣ ва мактаби байналмилалиро 4 ҳазору 410 нафар хонанда хатм кардаанд, ки 2 ҳазору 364 нафарашон ба мактабҳои олии Тоҷикистон ва 2 ҳазору 46 нафари дигар ба мактабҳои олии хориҷ аз кишвар - Русия, Қазокистон, Қирғизистон, ИМА, Укроин, Англия, Чехия, Туркия, Кипр, Индонезия ва дигар кишварҳо дохил шуда, дар соҳаҳои гуногун таҳсил доранд.

Аз ин теъдод 486 нафар дар хориҷи кишвар таҳсилро ба охир расонида, ба Ватан баргаштаанд. 58 нафар дар хориҷи Тоҷикистон дар магистратура ва аспирантура мехонанд. 1 ҳазору 93 нафар то имрӯз таҳсилро дар хориҷи кишвар давом дода истодаанд. Дар маҷмӯъ то имрӯз 2 ҳазору 249 нафар хатмкардагони литсейҳои туркӣ-тоҷикӣ, чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар соҳиби маълумоти олӣ гаштаанд. Аз ин 102 нафарашон омӯзгор мебошанд ва дигарон дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ фаъолият доранд".

Дар Литсейҳои туркӣ-тоҷикӣ мегӯянд аз пешниҳод ё тасмими баста шудани фаъолияти онҳо дар ояндаи наздик дар Тоҷикистон иттилоъ надоранд.

Парвиз, яке аз хатмкардаҳои литсейҳои тоҷикӣ-туркӣ, ки ҳоло дар яке аз вазоратхонаҳои кишвар фаъолият дорад, мегӯяд, пешниҳоди қатъ кардани фаъолияти ин литсейҳо омили дигар дорад.

"Даҳ сол шуд, ки литсейи туркиро хатм кардаем. Ягон идеология он ҷо набуд, ҳатто мо худамон донишгоҳҳоро интихоб кардем. Имрӯз дар вазорати давлатӣ кор мекунам, баръакс ҳамкорон ба мо аҳсан мехонанд, ки забони англисиву русиро хуб омӯхтаем. Дуруст, ки он ҷо ҳар рӯз пул биёрӣ нест, монанди литсейҳову мактабҳои тоҷикии мо. Як маротиб пул месупоред, тамоми шароитро таъмин мекунанд. То хӯрок ва рафту омади хонандагон. Сифати таълим онҷо шуморо қонеъ месозад. Бинед, ҳоло литсейҳои тоҷикӣ инҳо кунанд, ҳама фасодзада мешавад.

Модоме дар Шӯрои амният масъалаи бастани литсейҳои туркиро баррасӣ кардаанд, пас ҳукумат қасди онҳоро бастан дорад, аммо бо чӣ иваз мекунад, бо маорифи фасодзада?" -суол мегузорад Парвиз.

Дар Тоҷикистон 7 литсейи тоҷикӣ-туркӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Турсунзода ва Хуҷанд тибқи созишномаҳои бахши маорифи Тоҷикистону Туркия фаъолият мекунанд.

Дар яке аз гаронтарин мактабҳои туркӣ - мактаби байналмилалии Душанбе (аз 3 600 то 5 000 доллари ИМА барои як сол)  писари хурдии Президент Эмомалӣ Раҳмон таҳсил мекард, ки ду сол қабл дар олимпиадаи лоиҳаҳои барномарезии технологияҳои иттилоотӣ дар Руминия соҳиби медали тилло шуда буд.

Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ литсейҳои туркӣ аз ҷониби ширкатҳои наздик ба Фатҳуллоҳ Гюлен, пешвои ҳаракати "Фатҳуллочиён", ё "Нурчилик", ки дар ИМА қарор дорад, дар кишварҳои пасошӯравӣ ташкил гардид.

Аммо фаъолияти ин ҳаракат, ки ҳамчунин тариқати «Хизмат» унвон мешавад, дар Русия, Туркманистон ва ӯзбакистон мамнӯъ гардида, мактабҳои онҳо баста шуд.
Дар Тоҷикистон аз соли 1993 шабакаи литсейҳои туркӣ бо номи "Шалола" фаъолият дорад, ки аз ҷониби Вазорати маориф имтиёзоте ҳам дорад. Бештари муҳассилини ин муаассисаҳо аз оилаи мансабдорон ва пулдорҳои Тоҷикистон мебошанд.

Фатҳуллоҳ Гюлен, ки аз охирҳои солҳои 90-ум дар ИМА ба сар мебарад, дар кишвараш алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ бо иттиҳоми талош барои дигар кардани сохтори давлатӣ боз гардид.
Бо сари қудрат омадани ҳизби исломгарои «Адолат ва тараққиёт» иттиҳомот алайҳи ӯ бардошта шуд ва иҷозат дошт, ки ба кишвараш баргардад. Аз муносибати хуби ӯ бо ҳукумати исломгарои Туркия ҳарф мезаданд.

Вале ин муносибат дер давом накард. Қазияи "Фасоди бузург" дар Туркия дар зимистони гузашта нишон дод, ки муносибати фатҳуллоҳҷиён бо ҳукумати Туркия хатчадор гардидааст. Ҳукумати Туркия дар чеҳраи Фатҳуллоҳ Гюлен рақиби 1-и худро мебинад. Раҷаб Тайиб Эрдуған, сарвазири ин кишвар талоши ин ҷонибдорони ӯро "давлат андаруни давлат" номида буд.

Соли 1999 як қатор донишмандони Тоҷикистон ба мисли шодравонҳо Муҳаммадҷон Шакурӣ, Лоиқ Шералӣ ва дигарон пешниҳод карда буданд, ки фаъолияти ин мактабҳо дар Тоҷикистон мамнӯъ гардад. Ин ҳам дар ҳолест, ки тариқати «Хизмат» тавассути маркази «Диалог Евразия» аз шумули мансабдорон, коршиносон, шоирону нависандагон ва журналистон лоббии қавие ба вуҷуд овардааст, ки ошкору ниҳон аз манфиатҳои литсейҳои туркӣ ҳимоят мекунанд.

tojnews.org

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст