Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳурии Тоҷикистон  Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федеролии Русия – Валентина Матвиенкоро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои сомонаи Президент, дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия баррасӣ шуд. Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо қаноатмандӣ зикр намуд, ки заминаи қарордодию ҳуқуқии муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судманди ду кишвар бар зиёда аз 240 санад асос ёфтааст.

Валентина Матвиенко иброз доштааст, ки мо ба ҷониби Тоҷикистон, хусусан ба сарвари он барои дастгирии ҳамаҷонибаи забони русӣ, дасгирии давлатии ҷараёни паҳншавӣ ва истифодаи он изҳори миннатдорӣ менамоем.

Дар ин мулоқот ба нақши форуми байнипарлумонии «Тоҷикистон-Россия: имконоти ҳамкории байниминтақавӣ» доир ба ташкил ва густариши робитаҳои мустақими миёни минтақаҳои алоҳидаи ду кишвар баҳои баланд дода шуд.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки ҳоло қариб 80 минтақаи Русия бо минтақаҳои алоҳидаи Тоҷикистон робитаҳои бевоситаи ҳамкорӣ доранд.

Садои Хуросон

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст