Раиси порлумони Тоҷикистон дар сафари худ ба Эрон бо тавзеҳи фазои мазҳабӣ ва иқтисодии Тоҷикистон эълом кард, давлати марказии Душанбе бо таъкид ба нақши дини Ислом, ёдовар шуд, ки арҷ ниҳодан ба арзишҳои мазҳабӣ ҷудо аз фарҳанги милли тоҷикон набуда ва бо ҳам даромехтаанд.

Шукурҷон Зуҳуров раиси маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар конфронси созмони ҳамкориҳои исломӣ дар Эрон фазои озоди динии кишварро тавсиф карда ва таъкид кард, ки акнун Тоҷикистон аз нигоҳи теъдоди масоҷид дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҷои аввал қарор дорад.

Вай афзуд: фарҳанги миллии тоҷикон ва ҳамбастагии он бо арзишҳои динӣ дар давоми 1400 соли ахир шакл гирифта ва мақомоти тоҷик низ ба ин даврони торихӣ ҳамчун як ҷузъи ҷудоношуданӣ аз фарҳанги миллии кишвар нигоҳ мекунанд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон аз таътилоти Иди рамазон ва Қурбон ва бузургдошти 1310 солагии Имом Аъзам ёд карда, онҳоро яке аз далоили арҷгузории давлати Тоҷикистон ба дини ислом хонд.

Зуҳуров гуфт: ба дастури Эмомалӣ Раҳмон президенти Тоҷикистон барои аввалин бор Қуръон ба забони тоҷикӣ тарҷума ва ба беш аз 500 ҳазор нафар ҳадия дода шудааст.

Вай дар идома бо ишора ба тарҳҳои иқтисодии омода ба эҷоду таъсис дар Тоҷикистон аз кишварҳои узви созмони ҳамкориҳои исломӣ даъват кард, ки дар ин кишвар сармоягузорӣ кунанд.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст