Худои Субҳон дар ояти сездаҳуми сураи Тағобун мефармояд:
أللَّهُ لَا إِلَهَ إِلَّا هُوَ وَعَلَى اللَّهِ فَلْيَتَوَكَّلِ الْمُؤْمِنُونَ
Аллоҳ маъбуде аст, ки ҷуз ӯ маъбуди дигаре нест. Ва мӯъминон бояд фақат бар ӯ таваккул кунанд.
Биёмӯзем
1. Итоат ва ибодат танҳо шоистаи Аллоҳ мебошад, ки маъбуди ҳақиқӣ аст. Дар ояти дувоздаҳум фармони итоат аз Худо ва Расули Худо шуда буд, дар ин яот далели онро баён карда, ки чун худо ва тасмимгире дар ҳастӣ ғайри ӯ нест пас фақат аз Аллоҳ итоат кунед ва ӯ беҳтарин пуштибони шумост пас бар ӯ таваккул намоед.
2. Тоғутҳои золиму мунҳариф ҳам иддаои улуҳияту худоӣ мекунанд, вале бояд донист, ки ҳеҷ кадом ҳаққи ин иддаоро надоранд. Фиръавн ба мардум гуфт: Ман барои шумо ғайри худам ҳеҷ илоҳ ва худои дигар намешиносам. Қасас/38
3. Дар бандагии Худо сахтиҳое барои мӯъмин пеш меояд. Шаётини инсонӣ ва ҷиннӣ, ҳавои нафсу шаҳват ва атрофиёну ҷозибаҳои дунё ба мӯъмин фишор меорад то ӯро асири худ кунанд. Мӯъмин бояд ба Худо таваккул кунад.
4. Нишона ва вазифаи мӯъмини яктопараст таваккул ба Худованди яктост.
5. Мӯъмин набояд ноумед ва хаста шавад, балки пирӯзӣ ва саодат бо ӯст, чун пуштибони ӯ Худои ягона аст ва ҳеҷ кас бо ӯ баробар нест. Дигарон, ки дилашонро ба ғайри худ ё ҳавои нафси худ асир ва хуш кардаанд саргардону нигарону нотавон ҳастанд.
6. Бояд мӯъминон бо имон ба Худои ягона бо ҳам муттаҳид бошанд ва аз парокандагӣ парҳез кунанд.
7. Роҳ ва вазифаи мӯъминро баён кардааст пас бояд онро биёмӯзем ва амал кунем то аз баракатҳои он дар дунё ва охират баҳраманд шавем.
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст